Ақли бунафш

ФАРОМӮШ КАРДАНД
47 Чу ҳукми Ҳакамро фаромӯш карданд,
48 Ҳакимон ҳикамро фаромӯш карданд.
Каломи азалро, мақолу масалро,
49 Вуҷуду адамро фаромӯш карданд.
Аз ин сайри сират, в-аз ин ҳавли ҳайрат,
50 Ҳудусу қидамро фаромӯш карданд.
51 Чу дилҳо ба “Ло” шуд, “бале”ҳо “бало” шуд,
52 Ки яксар “наъам”ро фаромӯш карданд.
Аз ин тундкешӣ, в-аз ин кундкӯшӣ,
53 Дами муғтанамро фаромӯш карданд.
54 “Сафар дар ватан”-ро зи хотир сутурданд,
55 “Назар бар қадам”-ро фаромӯш карданд.
Ба ҳар ҷо гусастан, шикастан, шикастан,
Азизон қасамро фаромӯш карданд.
47 Ҳакам – Парвардигор.
48 Ҳикам – ҷамъи “ҳикмат”.
49 Вуҷуд ва адам – ҳастӣ ва нестӣ.
50 Ҳудус ва қидам – ҷадид ва қадим. Баҳси офарида шудан ё аз қадим мавҷуд будани олам дар фалсафа.
51 Ло – на, нест (инкор).
52 Наъам – бале, оре (тасдиқ).
53 Муғтанам – ғанимат.
54 “Сафар дар ватан” – усуле аз усули ёздаҳгонаи таълимоти Нақшбандия.
55 “Назар бар қадам” – усуле аз усули ёхдаҳгонаи таълимоти Нақшбандия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё