Ақли бунафш

ЯК ЛАБ ГУФТУГӮ
Бо ту як лаб гуфтугӯям орзӯст,
Рӯйи ту дар рӯбарӯям орзӯст.
Ҳар чӣ мегӯӣ ту, онам ормон,
Ҳар чӣ мехоҳӣ ту, ӯям орзӯст.
Бо хами зулфи ту гуфтан шарҳи ҳаҷр,
Шарҳа-шарҳа, мӯ ба мӯям орзӯст.
Чор сӯ рафтам, муродам гул накард,
Сӯйи бесӯйии сӯям орзӯст.
Бар суроғат меравам “Ё ҳу!”занам,
Чун қаландар ҳою ҳӯям орзӯст.
Кимиёи чашм мебояд маро,
Тӯтиё з-он хоки кӯям орзуст.
Интизори моҳи нав биншастаам,
Дидани рӯйи накӯям орзӯст.
З-орзӯҳои заъиф озурдаам,
Орзӯи орзӯям орзӯст.
Тошканд, 4 октябри соли 2015
ЗАВРАҚИ ШИКАСТА
...Ва шикаста заврақеро саҳаре нишаста рафтам,
Пару боли мавҷҳоро ба дилам шикаста рафтам.
Ба ҷазирае, ки қуташ зи шароби офтоб аст,
Ба ҷазирае, ки роҳаш ба риёст баста, рафтам.
Ба ҷазирае, ки он ҷо ҳама Ишқ сабзу обист,
Зи ҷаҳони сарду козиб дили худ гусаста рафтам.
Ба хаёли гумраҳи ман хами зулфи ёр печид,
Ба таноби печу тобаш дили хеш баста рафтам.
Ва на даст буду не по, ки шиноварӣ намоям,
Ҳама ғарқа-ғарқа рафтам, ҳама ҷаста-ҷаста рафтам.
Ва ба чашми нилгунаш чу саҳоби осмонгард,
Ҳама якка-якка рафтам, ҳама даста-даста рафтам.
Чу ҷаҳони гирдгардон шуда дори чашмбандон,
Сари тори дори ишқаш ба ду чашми баста рафтам.
...Ва шикаста заврақеро саҳаре нишаста рафтам,
41
Пару боли мавҷи Ҷаъфар ба дилам шикаста рафтам...
Тошканд, 5 октябри соли 2015
Ҷаъфар – яке аз маъноҳои он: рӯд, наҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё