Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАНУ ИШҚ
Чӣ ошиқ, чӣ шайдо ба борон ману Ишқ,
Магар зода андар баҳорон ману Ишқ?
Ғазал дар лабу дар лаби рӯд мастем,
Ду дилдодаи рӯдборон ману Ишқ.
Зи як қулла то қуллае роҳ пӯем,
Ду дилбастаи кӯҳсорон ману Ишқ.
Зи як аслу як васлу як гавҳари пок,
Зи як шохаи шаҳриёрон ману Ишқ.
Зи як бода, як хум, зи як решаи ток,
Зи як дурдаи майгусорон ману Ишқ.
Ду ҳамроҳу ҳампо, ду ҳамкешу ҳамто,
Ду ҳаммаслаки дӯстдорон ману Ишқ.
Ду шаҳзодаи шоҳи иқлими рӯъё,
Ду дилдодаи дилфигорон ману Ишқ.
Ду овораи Чину Мочини маъно,
Ду бечораи рӯзгорон ману Ишқ.
Тошканд, 20 октябри соли 2014
МУНОФИҚ

Шавад дар даврае пайдо мунофиқ,
Кунад он давраро расво мунофиқ.

Ба зоҳир нармтар аз парниён аст,
Ба ботин бадтар аз хоро, мунофиқ.

Ба зоҳир хешро мӯъмин намояд,
Ба ботин кофири ғарро, мунофиқ.

Бигирад гар вузӯ бо оби дарё,
Шавад аз фисқи ӯ дарё мунофиқ.

Намояд дӯст худро бо ту, аммо,
Ба душманҳои ту шайдо, мунофиқ.

Ба ғайбат доми тазвире гузорад,
Ба наздат беғараз гӯё, мунофиқ.

Ба ҳар дам ҷилвае дигар намояд,
Ҳунармандест беҳамто, мунофиқ.

Кунад гумроҳ мардумро ба даъват,
Шавад рӯзе агар мулло, мунофиқ.

Зи Раҳмон дам занад, аммо ба шайтон,
Дари дилро намуда во мунофиқ.

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор,
Наёбад даст бар мо то мунофиқ!
Тошканд, 12 августи соли 2015

пешина
аз 151
навбатӣ