Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАҲОРГУНА
Шаҳре бунафшу сурх аз ҷашнвораҳо,
Рӯйида дар замин гӯё ситораҳо.
Тифлони сабзро ҳайрат нишондааст,
Чун баргу борҳо бар бому бораҳо.
Дар ёлаҳои ишқ анбоз мешаванд,
Чобуксаворҳо бо гулсавораҳо.
Як шаҳрро ба ранг озин бубастаанд,
Як сӯ нигорҳо, як сӯ нигораҳо.
Бар хони “Ҳафт син” пирони рӯзгор,
Доранд бо ризо мамнун назораҳо.
Шири сафедро бо шеър мемаканд,
Тифлони ширмак дар гоҳвораҳо.
Имрӯз кӯҳҳо меҳмони шаҳрҳост,
Меҳмони шаҳрҳо ё кӯҳпораҳо?
Тошканд, 25 марти соли 2013
НАМЕРАСАД
Ин даст кӯтаҳ аст, ба кавкаб намерасад,
Пайғоми шамс то ватани шаб намерасад.
Маснаднишин ба ганҷи сухан дастёб нест,
Чун шоире, ки ҳеҷ ба мансаб намерасад.
Одам намешавад дили панҷоҳсолаам,
Чун тифл бар ниҳояти матлаб намерасад.
Дар шаш ҷиҳат ба гӯши фалак наъра мекашад,
Девонагии ман, ки ба Машраб намерасад.
Даъвои шоирӣ кунам, аммо чи суд, чун,
Як ҳарфи ман ба гӯши мухотаб намерасад...
Тошканд, 20 октябри соли 2013

пешина
аз 151
навбатӣ