Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МУБОРАК БОД НАВРӮЗАТ!
Ало, яшти авастоӣ, муборак бод Наврӯзат,
Ало, ҳури Аҳуроӣ, муборак бод Наврӯзат!
Умеду орзӯҳоят баҳорандуда меояд,
Ало, маънои зебоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ба ҳаққи бахти гулдоман, дари дилро кушо бар ман,
Ало, рамзи дилороӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ҷаҳон гардида лутфойин, зи Фарвардини хуррамдин,
Ало, хуршеди хушроӣ, муборак бод Наврӯзат!
Алиф, бо, дол меоӣ, чӣ зарринбол меоӣ,
Ало, тифли алифбоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Шукуфта аз ту дар ҳар сӯ гули ирфони зардолу,
Ало, шавқи шукуфоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, сарви самарқандӣ, гулистонат муборак бод,
Ало, нахли бухороӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, рухсорагандумгун, зи гандум хонаат пур бод,
Ало, чашмони шаҳлоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Зи дуриҳои рӯъёгун ба қалби Ҷаъфари маҳзун,
Ало, эй он ки меоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Тошканд, 21 марти соли 2013

пешина
аз 151
навбатӣ