Ақли бунафш

РАНГ
Дар лаҳза асирем, ҳама бандаи рангем,
Ойинаи маст аз рухи тобандаи рангем.
Як ҷилва агар ҳаст дар ин боғ, ҷуз Ӯ нест,
Моем, таҷаммулкадаи зиндаи рангем!
Олам ҳама дилбохтаи мост, вале мо,
Дилбохта бар ҳусни барозандаи рангем.
Бар рағми ҷаҳоне, ки ба як ранг гарояд,
Мо мавҷи табассум зи шакархандаи рангем.
Гарчанд, ки аз рӯйи ҷаҳон ранг паридаст,
Мо маҷмаъаи ҳусни парокандаи рангем.
Гар касрати ранг аст паём аз дари ваҳдат,
Пас, чист, зи девор тарошандаи рангем?
Тошканд, 17 марти соли 2013
ҲАРАМХОНАИ РАНГ
Аз ранг ҷудо нест вуҷуду адами мо,
Бо ранг заданд аз дами аввал рақами мо!
Дар номаи мо мавҷ занад нақши муҳаббат,
Зеро ки бувад ранги қидам ҳамқадами мо!
Пайранги ҷаҳон бо хати найранг гиреҳ хӯрд,
Аз холу хату зулф бувад печу хами мо!
Аз коҳиши ранг аст ҳама қаҳти тахайюл,
Тасвири хаёлест равон ҳар қадами мо!
Мо рангпарастони гулистони ҷамолем,
Ранг аст дар ин буткада, оре, санами мо!
Хӯрдем қасам, май нахӯрем аз кафи соқӣ,
Наврӯз шуду ранг парид аз қасами мо!
Ҷаъфар, дили ушшоқ ҳарамхонаи ранг аст,
Бо лолаи ишқ аст мулавван ҳарами мо!
Тошканд, 18 марти соли 2013

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё