Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ГУДОЗ БОЗ
Боз ой Ишқ, ҷони ғарибам гудоз боз,
Ин дил, дили асири маро куш ба ноз боз!
Бо рангҳои сабзу бунафшу сафеду сурх,
Ин рӯҳи хастаро ба таҷаммул навоз боз!
Бар пештоқу сақфи дилам нақшҳо бикаш,
Чун Шоҳи Зинда пур бикун аз рамзу роз боз!
Чандест бастаанд маро эҳтиёҷҳо,
Бинмо зи ҳар ҳавову ҳавас бениёз боз!
Ойина, гул ва себ зи ин саҳна гум шуданд,
Ин саҳнаро бидеҳ ба латофат ҷиҳоз боз!
Боз ой Ишқ, ҷони ҳазинро нишот бахш,
Бо шеър, бо ғинову наво, чангу соз боз!
Ё сӯз ҳар чӣ ҳаст маро аз ғуруру кибр,
Ё Ҷаъфаре дигар зи вуҷудам бисоз боз!
Тошканд, 28 ноябри соли 2012
ФАЙЗИ ДИЛНИШИН
Як файзи дилнишин ба дилам роҳ ёфт боз,
Гӯ, дургашта роҳ ба даргоҳ ёфт боз!
Ё дил муриди гумзада аз роҳи рост буд,
К-иршоди пир роҳ ба гумроҳ ёфт боз.
Ин дил, ки аз ҳабиб ҷудо буду бенасиб,
Гӯ, ҳамнишину ҳамдили огоҳ ёфт.
40
Юсуфсифат зи чоҳ баромад, ба гоҳ шуд,
Фарҷом, иззу манзалату ҷоҳ ёфт боз.
Ҳамдил надоштам, ки ба ӯ дарди дил кунам,
Сад шукр, дил саъодати дилхоҳ ёфт боз.
Тошканд, 30 ноябри соли 2012

Гоҳ – тахт; иззат, бузургӣ; мақом.

пешина
аз 151
навбатӣ