Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ин замина ҳудуди 100 китоби адабӣ ва илмӣ ба забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ дар Эрон ва Тошканд зери назари Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба чоп расид.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ тобистони соли 1999 як давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсиро дар Донишгоҳи тарбияти муаллими Теҳрон сипарӣ кард ва дар маҳзари устодони тасаввуфшинос чун профессор Муҳаммад Тақии Пурномдориён ва доктор Маҳмуд Обидӣ, дар ҳузури олимони барҷастаи адабиётшинос чун доктор Ғуломҳусейнзода, доктор Моҳёр, доктор Футуҳӣ, доктор Эронзода дарс хонд. Баъдан аз сӯҳбатҳои устодони барҷастаи адабиёт ва фалсафаи ирфон доктор С.Шамисо, доктор Динонӣ, устод Додбеҳ ва дигарон баҳраҳои вофир бардошт.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар солҳои 2016– 2019 ба унвони сардабири Интишороти “Янги нашр” (Тошканд) фаъолият кард ва ва дар ин муддат беш аз 200 унвон китобу маҷмӯъаи адабӣ, илмӣ ва оммавӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ зери назари ӯ ба чоп расид.
Ҷаъфар Холмӯъминов дар тӯли солҳои 2016– 2020 таҳқиқоти илмии худро дар заминаи таълимоти тасаввуфу фалсафаи ирфон ва адабиёти ирфонӣ дар Донишгоҳи давлатии Забонҳоии ҷаҳони Ӯзбекистон идома дод ва бо ташвиқи мушовири илмии худ – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Нарзулло Ҷӯраев дар соли 2020 дар Шӯрои илмии дифоъ аз дараҷаҳои илмии докторӣ дар илмҳои фалсафа вобаста ба Донишгоҳи Миллии Ӯзбекистон аз диссертацияи илмии худ таҳти унвони “Фалсафаи Ваҳдат ул-вуҷуд ва таъсири он ба таълимоти Нақшбандия (Бар асоси андешаҳои Ибн ал-Арабӣ, Муҳаммад Порсо Бухороӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ)” дифоъ намуд ва дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа (DSc) (фавқдоктории улуми фалсафа)-ро бо ихтисоси “Таърихи фалсафа” (таърихи фалсафаи ислом) дарёфт кард.

пешина
аз 151
навбатӣ