Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ФОЛИ САБЗ
Барги гул... Дастони духтар... Дӯст медорад-намедорад.
Шабнами лабҳош ахтар: “Дӯст медорад? Намедорад?”
Ишқ мехонад ба гӯшаш қиссаҳои сабзу обиранг,
Орзӯҳояш муъаттар: “Дӯст медорад... Намедорад...”
Шарми ширини гулобӣ мекунад дар гунаҳояш гул,
З-ин суоли покбовар: “Дӯст медорад? Намедорад?”
Дар лабонаш лутф мегардад латифу ботароваттар,
Мешавад байту ғазал тар: Дӯст медорад. Намедорад.
Баргҳои канда аз ангуштҳои изтиробафшон,
Мекушояд бар ҳаво пар: “Дӯст медорад! Намедорад?”
Бо табу тоби вуҷудаш то саҳар бар хеш мепечад,
Изтиробангез бистар: “Дӯст медорад? Намедорад!”
Нома лаб во мекунад з-ойинаи тилфони дастиям:
Ӯ маро монанди Ҷаъфар дӯст медорад? Намедорад?
Тошканд, 22 ноябри соли 2012
ГУЛ
Аз лабонат гул об менӯшад,
Аз ду рӯят гулоб менӯшад.
Нест махмур чашми ман танҳо,
Дил зи чашмат шароб менӯшад.
Барги ларзони дил зи лабҳоям,
Шарбати изтироб менӯшад.
Хушкмаъно намешавам, зеро,
Аз нигоҳат дил об менӯшад.
Тан набахшад ба танҳоӣ дил,
Баста ӯ дар таноб, менӯшад.
Рӯзро додаанд бар Ҷаъфар,
Шаб вале шайху шоб менӯшад.
Тошканд, 23 декабри соли 2012

пешина
аз 151
навбатӣ