Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАРОИ ДИЛАМ
Агарчанде фусурдӣ, боракаллоҳ,
Ғами худро нахурдӣ, боракаллоҳ!
Тарабгоҳе шумурданд ин ҷаҳонро,
Ту зиндоне шумурдӣ, боракаллоҳ!
Басо базри муҳаббат коштӣ, лек,
Ҷаве ҳосил набурдӣ, боракаллоҳ!
Ба дасти ёри бемеҳру муҳаббат,
Инонатро супурдӣ, боракаллоҳ!
Басо дастони номардони бадкеш,
Ба ғамхорӣ фишурдӣ, боракаллоҳ!
Басо захми забони нокасонро,
Зи лавҳи худ сутурдӣ, боракаллоҳ!
Шикастанду нагаштӣ пора-пора,
Бикуштанду намурдӣ, боракаллоҳ!
Тошканд, 13 ноябри соли 2012
АЗ ТАБОРИ БОРОН
Ман наводаи дарё, пури кӯҳсоронам,
Ҳамнажоди ҷангалҳо, ёри обшоронам.
Ин қадар чӣ мелофӣ, аз сириштат, эй хокӣ?
Ман зи қавми тӯфонҳо, аз табори боронам.
Вазну баҳри шеърамро аз арӯзи соҳил ҷӯ,
Ман таронаи мавҷам, савти ҷӯйборонам.
Муҳтасиб! Таассубро бишкану табассум кун!
Ман муриди ангурам, пири майгусоронам.
Ту ба чашми ман афсӯс, аз сиёҳкоронӣ,
Ман ба чашми ту, хуш бош, аз гуноҳкоронам.
Ошиқон! Куҷо рафтед, анҷуман парешон нест!
Ман ба лаб ғазал, имшаб шамъи ҷамъи ёронам.
Ишқ гул кунад, Ҷаъфар, дар дили зимистонҳо,
Чунки ман паёме сабз аз дили баҳоронам!
Тошканд, 20 ноябри соли 2012

пешина
аз 151
навбатӣ