Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЁРЕ, КИ ӮРО ЁР НЕСТ
Дар дилам ҷуз ишқи он дилдор нест,
Ёри он Ёрам, ки Ӯро ёр нест.
Гуфтугӯ дорад даруни синаам,
Гарчӣ Ӯро лаҳҷаи гуфтор нест.
Ман ба таъйиду қабулаш ҳозирам,
Кори ман тардид ё инкор нест.
Аз дараш бонги “Аналҳақ” мерасад,
Ин нафир аз кӯчаву бозор нест.
Хоксори хоки даргоҳаш манам,
Хокро раҳ то бад-он дарбор нест.
Дил ба пайконҳои ҷабраш додаам.
Ихтиёре чунки дар пайкор нест.
Танга дар ҷайбам гаронӣ мекунад,
Чунки қадри ман ҷуз ин миқдор нест.
Маст меояд дилам аз кӯчаҳо,
Кӯчаҳо бо бахти сабзам тор нест.
Об пошед, эй азизон, бар рухам,
Обрӯям чун даме ҳушёр нест.
Булбули дил бозмедорад зи раҳ,
Аз чӣ бо ман Ҳудҳуди Аттор нест?
Давраро бо ман мадон кам, эй азиз,
Ҳамчу ман дар даври мо бисёр нест.
Бахти ошиқ мекунад шабҳо тулӯъ,
Рӯз ҳаргиз мавриди изҳор нест.
Субҳ халқ аз хоб бикшоянд чашм,
Чашми бахти ман чаро бедор нест?
Аз дараш меронад, аммо бар абас,
Чунки дар кеши ғарибон ор нест.
Гирд-гирди холи Ӯ гардон шудам,
Холи Ӯ ҷуз нуқтаи паргор нест.
Дар ҷаҳони каҷрави каҷдумравиш,
Росткоронро раҳи ҳамвор нест.
Дар миёни Ҷаъфару маъшуқу Ишқ,
Баъд аз ин дам пардаи асрор нест.
Тошканд, 7 ноябри соли 2012

пешина
аз 151
навбатӣ