Ақли бунафш

КУҶО РАФТ ДИЛАМ?
Дишаб, эй дӯст, чӣ пурсӣ, ки куҷо рафт дилам?
Ман чӣ донам, ки куҷо рафт, чаро рафт дилам?
Дил зи ман ҳеҷ напурсиду нагӯяд чӣ кунад,
Ту чӣ пурсӣ, ки ба дунболи чиҳо рафт дилам?
Кокуле мушкфишон, силсилаҷунбон бигузашт,
Хешро баста ба занҷири бало рафт дилам!
Дину дил бурд хаташ, чашми хатопӯш куҷост?
Ба Хито рафт дилам, ваҳ, ба хато рафт дилам!
Фитнаи роиҳаи Ишқ магар тантана кард?
К-аз пайи замзамаи боди сабо рафт дилам!
Баъд аз ин фикри пизишки дилу дармон накунам,
Ба Худо, рафт дилам, ваҳ, ба Худо, рафт дилам!
Тошканд, 4 октябри соли 2012
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Туро ба савту лаҳну бо тарона дӯст медорам,
Туро ба чангу уду бо чағона дӯст медорам.
Туро, ки мевазад зи доманат насими ҷаннатҳо,
Ба ҳаққи шири поки модарона, дӯст медорам.
Чӣ донад он асилзодае, ки дил ба афранг аст,
Туро чӣ софу сода, омиёна дӯст медорам.
Туро чу моҳу офтобу осмони обиранг,
Туро чу чашмҳои суғдиёна, дӯст медорам.
Ба ҳаққи гӯшаву канорҳои сабзат аз маъно,
Туро ба ишқи сабзи бекарона дӯст медорам.
Туро, ки ҳар ҳиҷои ту чакомаест поянда,
Ба қалби шоирона ҷовидона дӯст медорам.
Ба нахли қоматат куҷо расад хазони давронҳо,
Туро, дарахти пургулу ҷавона, дӯст медорам.
Чу модарам, ки чашм дар раҳам ба интизориҳо,
Нишаста дар канори остона, дӯст медорам.
Туро, ки шарҳи орифона аз Китоби Яздонӣ,
Бидуни қилу қолу бебаҳона, дӯст медорам.
Фусуни лаҳну савти ту фасонасози шоирҳост,
Туро, ало, ҷаҳони пурфасона, дӯст медорам!
Забони ишқ бош ё забонае зи Мавлоно,
Туро ба ҳар далелу ҳар баҳона, дӯст медорам.
Қасам ба форсии нобат, эй забони тоҷикӣ,
Туро чу шеъри нағз Ҷаъфарона дӯст медорам!
Тошканд, 24 октябри соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё