Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР ЯК ДИЛ НАМЕГУНҶАМ
Ман он дарёи маввоҷам, ки дар соҳил намегунҷам,
Ҳазорон дил маро бояд, ки дар як дил намегунҷам.
Ҳама баргу ҳама борам, ҳама аз мева саршорам,
Дарахтеам, ки дар як давраи ҳосил намегунҷам.
Ҳама дар худ сафар дорам, ба қалби худ назар дорам,
Сафарпарвардаам, дар маскану манзил намегунҷам.
Чаро, эй сорбон, ин қадр таъҷилошно ҳастӣ?
Ман он борам, ки дар як корвон маҳмил намегунҷам.
Ман он шогирди густохам, ки аз занҷир вораста,
Дигар дар хонақоҳи муршиди комил намегунҷам.
На танҳо дар хаёли оҷизи девонае, Ҷаъфар,
Аз ин пас балки дар андешаи оқил намегунҷам.
Тошканд, 2 октябри соли 2012
УМЕДИ ЛУТФ
Чу дарвеше, ки пушти ҳар даре дар каф табақ дорад,
Ҳамеша ин дили зорам умед аз лутфи Ҳақ дорад.
Фалак ҳар рӯз дарсе медиҳад, гӯё ки устоде,
Барои тифли беодоби худ нав-нав сабақ дорад.
38
Дилам пайванди сабзе бо паёми ишқ дар “Ихлос”,
Вуҷудам реша дар аъмоқи маънои “Алақ” дорад.
Зи Мағриб мерасад пайки ғуруби Ишқи оламсӯз,
Вале ин дил ҳанӯз уммеди ишроқи шафақ дорад.
Хазон мерезаду Ҷаъфар баҳорандуда меояд,
Аз он ҷо, к-ӯ умеди лутф дар ҳар як варақ дорад!
Тошканд, 2 октябри соли 2012

“Ихлос” – сураи “Ихлос”.

пешина
аз 151
навбатӣ