Ақли бунафш

ДОМОДУ АРӮС
Омаданд аз олами афсона домоду арӯс,
Ин яке ҷону дигар ҷонона, домоду арӯс.
Ин яке хуршеди ховар, он яке моҳи мунир,
Ин яке шамъу дигар парвона домоду арӯс.
Чашмҳо аз бахт рахшон, гунаҳо аз шарм гарм,
Аз муҳаббат қалбҳо мастона домоду арӯс.
Дӯстон саргарми базму мастиву рақсу наво,
Ҳушманду оқилу фарзона домоду арӯс.
Ишқ меборад дар ин шаб аз дару девори шаҳр,
Шавкате доранд аҷаб шоҳона домоду арӯс.
Байти Ҷаъфар хонаи васл аст дар поёни базм,
Хайра мақдам, пешкаш ин хона, домоду арӯс!
Тошканд, 25 сентябри соли 2012
ШУКУФАЗОР МЕШАВАМ
Баҳор мешавам, ки ту шукуфазори ман шавӣ,
Шукуфазор мешавам, ки ту баҳори ман шавӣ.
Чароғи шамс мешавам ба рӯзҳои тираат,
Ки моҳтоби шӯълавар ба шоми тори ман шавӣ.
Чу чашма ҷӯш мезанам, ки ташналаб фаро расӣ,
Вуҷуди ташна мешавам, ки чашмасори ман шавӣ.
Ҳабиб мешавам туро ба вақти ранҷу дардҳо,
Ки гоҳи дарду ранҷу ғусса ғамгусори ман шавӣ.
Умедвор мешавам туро, ало, умеди ман,
Умед мешавам, ки ту умедвори ман шавӣ...
Тошканд, 27 сентябри соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё