Ақли бунафш

АЗ ШУМО ЧӢ ПИНҲОН?
Чилла-чилла мастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Бо сабӯ нишастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Парвиз Бегии Ҳабибободӣ
Дил ба бода бастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Аз худам гусастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Аз азал ғазалхон, масти ишқи хубон,
Будаам, ки ҳастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Гар чу ман на мастанд, халқ пулпарастанд,
Ман санампарастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Кӯзаро шикастанд обидон, ки ман ҳам
Рӯзаро шикастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Зарра-зарра аз хок рустаму шудам ток,
Асли май ман астам, аз шумо чӣ пинҳон?
Дасти кӯза ҳар шаб бо ҳазор матлаб,
Мекашад зи дастам, аз шумо чӣ пинҳон?
Тошканд, 20 июли соли 2012
ДУР МАРАВ, ДУР МАШАВ!
Як дам аз давру барам дур марав, дур машав!
Як нигоҳ аз назарам дур марав, дур машав!
Тору пуди ману ту аз гуҳаре сохтаанд,
З-асли худ, эй гуҳарам, дур марав, дур машав!
Ману ту меҳру маҳ аз Коҳкашоне дигарем,
Нури шамсу қамарам, дур марав, дур машав!
То туӣ дар бари ман, шоми сияҳ субҳдам аст,
Аз шабат, эй саҳарам, дур марав, дур машав!
Болу пар аз дару боми дили ман боз макун,
Як дам аз бому дарам дур марав, дур машав!
Як дам, эй лаззати парвоз, маро тарк макун,
Қуввати болу парам, дур марав, дур машав!
Бо ту ман шавкати сад шамси фалак доштаам,
Тоҷи заррин, зи сарам дур марав, дур машав!
Ишқ роҳест хатарноку дароз, аз бари ман,
Як қадам, ҳамсафарам, дур марав, дур машав!
Дида дидори ту мехоҳаду дил васли туро,
Эй фурӯғ, аз басарам дур марав, дур машав!
З-остоне, ки муҳаббаткадаи Ҷаъфари мост,
Ҳамдилу ҳамназарам, дур марав, дур машав!
Тошканд, 30 августи соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё