Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАЪДИ БОРОН...
Аз лабат охир ҷавоб ояд бурун,
Аз дили сангинат об ояд бурун.
Гиряҳоятро бишӯяд хандаҳо,
Баъди борон офтоб ояд бурун.
37
Эй дили ғофил, чаро хусбидаӣ?
Нимашабҳо моҳтоб ояд бурун.
Гар ҷавобе аз суоле сар занад,
Гаҳ суоле аз ҷавоб ояд бурун.
Аз дили мутриб бихезад мавҷи савт,
Пас, чӣ гӯӣ, к-аз рубоб ояд бурун?
Чанг зан бар рӯдбори маслиҳат,
Шоядо, як каф савоб ояд бурун.
Кони тиллояст, Ҷаъфар, қалби мо,
Шеъри тар чун зарри ноб ояд бурун.
Тошканд, 9 июни соли 2012

Хусбидан – хуфтан, хобидан.
ДАР ҚАЛБИ МОСТ
Нафхаҳои рангу бӯ дар қалби мост,
Як Самарқанд орзӯ дар қалби мост.
Ақл дорад мӯшикофӣ, бехабар,
З-он ки маъно мӯ ба мӯ дар қалби мост.
Ҳар чӣ дидӣ, ҷилваи акс асту бас,
Асли он рӯйи накӯ дар қалби мост.
Як нафас аз Ёр фориғ нестем,
Ҳам хаёли Ӯ, ҳам Ӯ дар қалби мост.
Ҳар қадар гуфтем васфаш, кам нашуд,
Як Бухоро гуфтугӯ дар қалби мост.
Нестем ором дар худ як нафас,
Ҷастухези ҷустуҷӯ дар қалби мост.
Бо маломатҳои мардум зиндаем,
Иҷтиноб аз обрӯ дар қалби мост.
Зоҳидон бо шустушӯҳои тананд,
Шустушӯи шустушӯ дар қалби мост.
Сайри мо, Ҷаъфар, надорад самту сӯ,
Сӯйи бесӯйии сӯ дар қалби мост.
Тошканд, 17 июни соли 2012

пешина
аз 151
навбатӣ