Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТО САМАРҚАНД НАЁӢ...

Бе назар бар дилам, эй ташна, ба дарё нарасӣ,
Бе “сафар дар ватан”и хеш ба дунё нарасӣ.

То набинӣ, ки ғуломиву асирӣ чӣ балост,
Ба мақомоти азизии Зулайхо нарасӣ.

Лаззати ҳаҷр надониста чӣ лофӣ зи висол?
Тарсам, эй Қайс, ки як умр ба Лайло нарасӣ!

То ба ширинии як бӯса набахшӣ сари хеш,
Ба нигини лаби майгуни шакархо нарасӣ.

То ба печу хами ҳар нукта нагардӣ хаму печ,
Ба баландии фарофикрати Маъно нарасӣ.

Нагзарӣ аз “ман”и худ, ё нарасӣ бар “ман”и худ,
Ба муҳаббаткадаи доираи “Мо” нарасӣ.

3536
Ҷаъфар, аз Чоч биё, ё зи раҳи Тирмизу Кеш,
То Самарқанд наёӣ, ба Бухоро нарасӣ!

Самарқанд, 17 майи соли 2012

35
Чоч – номи қадимии шаҳри Тошканд.
Кеш – номи қадимии Шаҳрисабз.
ТАНҲОТАР БИЁ!
Боғ рангу бӯ диҳад то бо Ту, зеботар биё,
Дар чаман то бо Ту гардад сарв раънотар, биё!
Дӯш танҳо омадӣ, шарму ҳаё ҳам бо Ту буд,
Баъд аз ин номаҳрамон бигзору танҳотар биё!
Гар диле ҳам доштам, чашмони обии Ту бурд,
То саропо ғарқ гардам дар Ту, дарётар биё!
Ҷон фидои ин ҳама дил бурдану дил доданат,
Дилситонтар ой бозу боз шайдотар биё!
Эй арақҳои хиҷолатрези Ту атрошно!
Имшаб аз атри латифи ҷон саропо тар биё!
Эй тамошои хаёлат рӯшании чашми ман,
Чашми дил бикшодаам, инак, тамошотар биё!
Сабри Ҷаъфар хок шуд аз ваъдаи “фардо”-и ту,
Дидан ар хоҳӣ варо дар хок, фардотар биё!
Тошканд, 7 июни соли 2012

пешина
аз 151
навбатӣ