Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧЕҲРА КУШО...
Чеҳра кушо, азизи ман, охири ҳафта мерасад,
Аз раҳи дури орзӯ толеъи хуфта мерасад.
Тавсани Ишқ мечамад, накҳати шеър медамад,
Аз лаби гарми осмон ҳарфи нагуфта мерасад.
Мавҷ суъуд мекунад, бар ту дуруд мекунад,
Аз дили дардманди об дурри насуфта мерасад.
Ёр баҳона мекунад, нома равона мекунад,
Аз нафаси имейли ӯ майли нуҳуфта мерасад.
Сабза навид медиҳад, мужда зи ид медиҳад,
Боғи умеду ормон сабзу шукуфта мерасад.
Тошканд, 20 марти соли 2012
ЧӢ МЕДОНАМ...
Дар соҳили дарёяму дарё чӣ медонам, ки чист,
Аз “Ло ило...” дам мезанам, илло, чӣ медонам, ки чист?
Фаррухпайи болонишин, аз ман чӣ пурсӣ ону ин?
Пойин чӣ медонам, ки чӣ, боло чӣ медонам, ки чист?
Аз ман гурезон мешавӣ, пайдову пинҳон мешавӣ,
Донӣ, чӣ медонам ниҳон, пайдо чӣ медонам, ки чист?
Фурсат бидон Наврӯзро, устоди ишқомӯзро,
Шодоб кун имрӯзро, фардо чӣ медонам, ки чист?
Бо нози най ноӣ шудам, шайдои Лайлое шудам,
Ҳарчанд саҳроӣ шудам, саҳро чӣ медонам, ки чист?
Ҳарчанд дидам борҳо, юсуфсифат озорҳо,
Дар растаи бозорҳо савдо чӣ медонам, ки чист?
Ин чархи гарданда зи бун аҳволи мо карда забун,
Аҳволи ин гардуни дун бо мо чӣ медонам, ки чист?
Ҷаъфар, зи ҷурми беҳисоб, афтода дар ҳоле хароб,
34
Дунё чӣ медонам, ки чӣ, уқбо чӣ медонам, ки чист?
Тошканд, 4 апрели соли 2012

Уқбо – охират, оқибат.

пешина
аз 151
навбатӣ