Ақли бунафш

РИНДОНА
...На пиёлаву суроҳӣ ва на ҷом мешиносам,
На ҳалол мешиносам, на ҳаром мешиносам.
На муқим дар мақомам, на асири банду домам,
На иқомату на қомат, на мақом мешиносам.
Ҳама ҷомаҳо даридам, ҳама ҷомҳо шикастам,
На нидои хайрбодӣ, на паём мешиносам!
На ридои зоҳидона, на риёи обидона,
На шаҳи ҳазор кишвар, на ғулом мешиносам.
На салим мешиносам, на салом мешиносам,
На Калим мешиносам, на калом мешиносам.
Ҳама масти масти мастам, ҳама нестипарастам,
Ки на остонаву дар ва на бом мешиносам!
Тошканд, 23 ноябри соли 2011
ФАРРИ ФАРВАРДИН
Рафта Исфанд, Фарвадин омад,
Гармрӯ ёри маҳҷабин омад.
Деви даймоҳ баста шуд дар кӯҳ,
32 Пури Довуд бо нигин омад.
Қаҳру ҷаҳл аз қулуб шуд табъид,
Нафхаи меҳру ақлу дин омад.
Дӯстонро зи нав фаро хонед:
Душмани ҷаҳл, адӯи кин омад!
Ҳамд бодо ба Рабби оламҳо,
33 Атри “Иййака настаъин” омад!
Остонам ба мушки ишқ омехт,
Боғи гул зери остин омад.
Растагорӣ муборакат, Ҷаъфар!
Инак, он ишқи ростин омад!
Тошканд, 18 марти соли 2012
32
Пури Довуд – писари Ҳазрати Довуд (а), яъне, Ҳазрати
Сулаймон (а).
Ишора ба сураи “Фотиҳа”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё