Ақли бунафш

Дар аҳди пурсамар, ҳайҳот, беасар!
Наздикакони шарр, аз шеър дуракон!
Чун шаф-шафи шафед, ангушт меҷафед,
Аз бухл мекафед, эй қалбкӯракон!
Тошканд, 2 июни соли 2011
АГАР...
Ба холи ёр шеъри ту ҳавола буд, хуб буд,
Ба духтари сиёҳчашми хола буд, хуб буд.
Ба фатҳи қулла меравию кӯҳзода нестӣ,
Масири сайри ту ба сӯйи ёла буд, хуб буд.
Зи таъм бехабар, чӣ мекунӣ дар ошхонаҳо?
Ғизои пухтаат агар атола буд, хуб буд.
31
Гаҳе чу зоғ “қар” занӣ, ва “бӯ” чу як бақар занӣ,
Садот аз гулӯи гург нола буд, хуб буд.
Ту шеър не, азизи ман, гузорише навиштаӣ,
Нигоришат мақол ё мақола буд, хуб буд...
Тошканд, соли 2011
Бақар – гов.
МУЛАММАЪИ МАШРАБОНА
Намангандан кетар бўлсам,
мени йўқлар киши борму?
Бобораҳим Машраб
На танҳо дида, дил ҳам нам, Намангандан кетар бўлсам,
На одамман, на ман одам, Намангандан кетар бўлсам.
Агарчи навҷавонам ман ва ё худ паҳлавонам ман,
Сарам хам, қоматам ҳам хам, Намангандан кетар бўлсам.
На танҳо дил, на танҳо мен, на танҳо тил, на танҳо сен,
Ҷаҳон гардад пур аз мотам, Намангандан кетар бўлсам.
Ватан – ҷону ҷаҳони ман, биҳишти ҷовидони ман,
Биҳиштим тотлимас як дам, Намангандан кетар бўлсам.
Бирезад ёри ҷон кўз ёш, замину осмон кўз ёш,
Рақибонро шавад байрам, Намангандан кетар бўлсам.
Йўлим, Жаъфар, хатар гардад, шаробим ҳам заҳар гардад,
Ба мисли Машраб ар ман ҳам Намангандан кетар бўлсам.
Тошкент, 2011 йил 3 ноябр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё