Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР. КАЛИД. ҚУФЛ.
Эҳсос. Ларза. Даст. Ҳино. Дар. Калид. Қуфл.
Фонус. Шаб. Гуноҳ. Хато. Дар. Калид. Қуфл.
Тоҷир. Фиреб. Нафъ. Тарозу. Зиёд. Кам!
Дӯкон. Фурӯш. Бонг. Баҳо. Дар. Калид. Қуфл.
Маблағ. Талаб. Ниёз. Гарав. Бонк. Вом. Ваҳм,
Имзо. Зиён. Суд. Рибо. Дар. Калид. Қуфл.
Фарёд. Адл? Зулм? Ҷазо? Лутф? Марҳамат?
Девор. Хор. Ваъда... Вафо? Дар. Калид. Қуфл.
Манзил. Мурод. Марҳила. Маслак. Муҷодала,
Раҳҷӯ. Раванда. Роҳнамо. Дар. Калид. Қуфл.
Дунё. Дурӯғ...Дӯст? Дилозор? Дил... Далел...
Дору? Дареғ! Даст... Дуъо... Дар. Калид. Қуфл.
Бемор. Рӯҳиёт. Ғазаб. Гиря. Ханда. Ашк.
Болин. Пизишк. Дард. Даво. Дар. Калид. Қуфл...
Тошканд, 8 апрели соли 2011
БАРОИ ҲАСУДАКОН
Эй пучпистакон, эй хокшӯракон,
Эҳсоспастакон, болоғуруракон!
Эй дидаторакон, бекоркоракон,
Эй бешароракон, эй бешууракон!
Хуб аст ҳолатон? Ҳушу хаёлатон?
Зеро суолатон мантиқзаруракон!
Эй табъсардакон, дур аз набардакон,
Эй зергардакон, эй резахӯракон!
Дамкарданофакон, аз боди лофакон,
Зебогазофакон, дар хона зӯракон!
Бар бухл бандаед, эҳ, хуш газандаед,
Ҳарчанд зиндаед, аҳли қубуракон!
Эй анкабутакон, зарду кабудакон,
Печидаторакон, бинҳода тӯракон!
Тӯҳматшиоракон, деворхоракон,
Дар кунҷи ғоракон, як умр ғӯракон!
Эй хонашеракон, дар худ асиракон,
Майдонсағиракон, гӯё ҷасуракон!
Дар байни мардумед, аммо чу каждумед,
Ҳамкешу ҳамнафас бо мору мӯракон!
Чун муши хирасар, аз мушк бехабар,
Маҳро чӣ нисбате бо тирануракон?

пешина
аз 151
навбатӣ