Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАРО ҶОҒ МЕЗАНӢ?

27
Ту, эй даҳондарида, чаро ҷоғ мезанӣ,
Ту, эй забонбурида, чаро ҷоғ мезанӣ?

Ба саҳни бӯстони сухангустарӣ ба меҳр,
Гуле напарварида, чаро ҷоғ мезанӣ?

28
Ҳазаҷ, рамал, раҷаз алафӣ нестанд, пас,
Чу гову хар чарида чаро ҷоғ мезанӣ?

Ба ҳар мақом карда хироме аҷузавор,
Мақомро харида, чаро ҷоғ мезанӣ?

Ба базми шеър бо даҳане боз, базлабоз,
Ғазал наофарида чаро ҷоғ мезанӣ?

29
Ба боли дигарон ту чунин масту муфтахир,
Ба осмон парида чаро чоғ мезанӣ?

Ба рӯйи фарши маънавият, ришвахори наҳс,
Чу мушаке би... чаро чоғ мезанӣ?

Тошканд, соли 2010

27
Нор – дӯзах.
28
Ҷоғ задан – беҳудагӯӣ кардан, пуч ҳарф задан.
Вазнҳои аслии арӯз.
БИЁ, ДАФ БИЗАНЕМ...
30
Абр бар рӯйи ҳилол аст, биё, даф бизанем,
Шом ҳам як зани зол аст, биё, даф бизанем!
Бода ҳарчанд ҳаром асту дафу чанг гуноҳ,
Пеши мо боз ҳалол аст, биё, даф бизанем!
Ишқ дар донаи ангур биҷӯшиду ҳанӯз,
Кӯза дар дасти кулол аст, биё, даф бизанем!
Ҳар чӣ васл асту фироқ аст, чӣ асл асту фурӯъ,
Банди як нуқтаи хол аст, биё, даф бизанем!
Ҳар чӣ дидему шунидем дар ин дайри дудар,
Ҷумла хоб асту хаёл аст, биё, даф бизанем!
Аз куҷо омада будем? Куҷоем равон?
Посухи ин ду суол аст: биё, даф бизанем!
Тошканд, 26 марти соли 2011

Муфтахир – боифтихор, фахркунанда.

пешина
аз 151
навбатӣ