Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАРО?
21
Ошиқон ёрро балад нестанд,
Ғайри озорро балад нестанд.

Корчаллону корфармоён,
Худ чаро корро балад нестанд?

Монда занҳои хеш дар бозор,
Мардҳо орро балад нестанд?

Дар фанограмма фано гаштанд,
22
Ҳофизон торро балад нестанд.
23
Тоҷирон хӯрдаанд тахфифро,
Расми бозорро балад нестанд!
24
Ришвахорон азизи даргоҳанд,
Қаҳри дарборро балад нестанд?
25
Бо рибо ҷон рабуда рӯбоҳон,
26
Қабзаи норро балад нестанд?

Ин табибон забони пул донанд,
Лафзи беморро балад нестанд.

Тӯдае бо қабои мансаб кабир,
Даври паргорро балад нестанд.

Ошхорист касбашон қавме,
Таъми ашъорро балад нестанд.
Тошканд, 19 ноябри соли 2010
21 Зишт – бад.
22 Балад набудан – надонистан, бохабар набудан, ошно набудан.
23 Ҳофизон – манзур: овозхонҳо.
24 Тахфиф – арзон кардан.
25 Ришвахор – порахӯр.
Рибо – суд; фоизи фоида.

пешина
аз 151
навбатӣ