Ақли бунафш

ДАСТҲОЯТ...
Дил ба дастонат супурдан орзуст,
Ҳам дил аз дасти ту бурдан орзуст.
Ҳам ба дасти лутфи ту аз лавҳи Ишқ,
Нақши бемеҳрӣ сутурдан орзуст.
Нарм-нармак, гарм-гармак лаҳзае,
Дастҳоятро фишурдан орзуст.
Шомҳои ҳаҷрро бо дасти ту,
Сифр кардан, ношумурдан орзуст.
Ҳам ба дасти ишқи беҳамтои ту,
Пир гардидан, фусурдан орзӯст.
Сар ба зонуи ту мондан, в-он гаҳе,
Рӯйи дастони ту мурдан орзуст...
Тошканд, 15 октябри соли 2010
ЗАМОНЕ...
Ба ёди устоди зинданом Лоиқ Шералӣ
Маро, эй қавми бозорӣ, замоне кашф хоҳӣ кард,
Ба зӯрӣ, ё зару зорӣ замоне кашф хоҳӣ кард.
Ба дорам мекашӣ Мансурвор, эй қавми хоболуд,
Вале чун пайки бедорӣ замоне кашф хоҳӣ кард.
Маро чун мири Сомонӣ зи даргоҳат ҳамеронӣ,
Пас аз қарне гирифторӣ замоне кашф хоҳӣ кард.
Маро, эй ёри бепарво, ба танҳоӣ, лаби дарё,
Пас аз умре дилозорӣ замоне кашф хоҳӣ кард.
Замонҳо меравад аз мо, ту девони маро аммо,
Чу ганҷи зери деворе замоне кашф хоҳӣ кард.
Пас аз чандин парешонӣ, ба афсӯсу пушаймонӣ,
Маро, Ҷаъфар, маро, оре, замоне кашф хоҳӣ кард...
Тошканд, 18 ноябри соли 2010

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё