Ақли бунафш

ФАРИШТАИ ҒАЗАЛ
Ман чӣ дорам, эй Ҷаъфар, аз шукӯҳу карру фарр?
Дар қаламрави дафтар як бағал ғазал дорам!
ДАР ДИЛИ МОСТ
Аҷаб оғози соле дар дили мост,
Ки Наврӯз асту ҳоле дар дили мост.
16
Зи рӯйи ӯ, ки холе ҳола бастаст,
Чу доғи моҳ холе дар дили мост.
Рафиқи мо фироқи ҷонгудозест,
17 Рифоҳи хушмалоле дар дили мост.
18 Тасаллии ҷамиле медиҳад ақл:
19 Таҷаллии ҷамоле дар дили мост.
Зи шамсе, ки муҳаббат ном дорад,
Тулӯъи безаволе дар дили мост.
Худо нокарда аз мо рӯй тобад...
Чунин як эҳтимоле дар дили мост.
20
Гаҳе ҳам ҳам зишт, гоҳе хуб, Ҷаъфар,
Ба ҳар дам сад хаёле дар дили мост.
Тошканд, 24 марти соли 2010
16 Ҳола – ҳалқа, доира; хирман.
17 Рифоҳ – осойиш, истироҳат.
18 Ҷамил – зебо.
19 Таҷаллӣ – зоҳир шудан, рӯшан ва дурахшанда шудан, ҷилва кардан; яке аз истилоҳоти аслӣ дар фалсафаи ваҳдат ал-вуҷуд.
Зишт – бад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё