Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хоки моро медиҳад бар Даҷла пош,
Ишқ, оре, Ишқи поки дилхарош.

Ишқ, Ишқе, ки ба мо шуд мӯҳтарам.
Мекунад бар куфр моро муттаҳам.

Карда моро Ишқ зидди маърака,
Мекунад фарҷом радди маърака.

Бурда аз мо фикру зикри бандагӣ,
Мекашад то саҳнаи шармандагӣ.

Соқиё, ҷоми дигар деҳ, хастаам,
15 Аз ғаму озори Ишқ ишкастаам.

Аз дили худ дур то созам варо,
Бар Аму ё Даҷла андозам варо.

Бода гардон, панди Ҷаъфарро шунав:
Соқиё, ошиқ машав, ошиқ машав!

Тошканд, 19 декабри соли
2015–19 январи соли 2024

14 Ишора ба қиссаи ба Мансури Ҳаллоҷ, ки хокистараш ба рӯдхонаи Даҷла андохта шуд ва мегӯянд, ки аз он хокистар бар рӯйи оби Даҷла ибораи “Аналҳақ” падид омад..
Ишкаста – шикаста.
МУҒАННИНОМА
Муғаннӣ, бизан чанг бар арғунун,
Бикун қасри ғамро зи бун сарнагун.
Ҳама дасту пойи ту чолок бод,
Дилат ғамзудову фараҳнок бод!
Сарат сабз бодо чу фасли баҳор,
Дилат дур бод аз ғами рӯзгор!
Ба савте, ки ошӯби дарё диҳад,
Ба оҳангу зарбе, ки маъно диҳад,
Ба дилҳои мо шӯри дигар бидеҳ,
Ба нахли таманнои мо бар бидеҳ.
Ки дерест, дилҳои мо хуфтааст,
Ки пажмурда гардида ошуфтааст.
Муҳаббат биафзо ба дилҳои мо,
Биафзо фурӯғе ба фардои мо.
Ки дерест, санг аст дилҳои мо,
Намондаст умеде ба фардои мо.
Муғаннӣ, биё, пардае соз кун,
Ба расми куҳан нағма оғоз кун.
Ки бе кӯҳна нав ҳеҷ н-ояд падид,
Ба савти куҳан бахш ранге ҷадид.
Биё, зинда кун ҳуши хомӯши мо,
Шунидан биомӯз бар гӯши мо...
Тошканд, 9 апрели соли 2024

пешина
аз 151
навбатӣ