Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бодае деҳ, то бигардад пашша фил,
То шавад аз таъми он филфил хиҷил.
Бодае деҳ, то бигӯям Ишқ чист?
Ҳоли ошиқро, ки бо ин дард зист?
Ишқ тағйири дилу рӯҳ асту бас,
Ишқ тӯфонхезии Нӯҳ асту бас.
Ишқ дар сурат агар маҳпайкарест,
Сираташро бингарӣ, ҷодугарест.
Пирзоле ҳаст дар асл ӯ кабир,
Дар камини мост, то афтем асир.
Лӯъбате зебову ҳарҷоист Ишқ,
Нусхае аз молихулёист Ишқ.
Ишқ агар аз шаҳват ояд, бандагист,
Бандагӣ чӣ, оқибат шармандагист.
Соате бар “Маснавӣ” сар мондаӣ?
Қиссаи “Шоҳу канизак” хондаӣ?
Хондаӣ, шоҳе чӣ сон гардид адо,
Аз ҷамоли як канизи хушлиқо.
Чун ҷамол аз он канизак маҳв шуд,
Сукри шаҳ рафту муқими саҳв шуд.
З-ин ҷиҳат дар интиҳояш Мавлавӣ
Шарҳ додаст инчунин дар “Маснавӣ”:
Филфил – қаланфур (қаранфул).
“Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад”.

Ишқ агар аз пардааш берун шавад,
Ҳар ҳуҷайра дар танат Маҷнун шавад.

Гар бурун ояд мабодо аз ҳиҷоб,
11 Чун Ҳусайн аҳволи мо гардад хароб.

Ишқ бар мо медиҳад озорҳо,
Мекашад бар кӯчаву бозорҳо.

12
Бо садои мо “Аналҳақ” мезанад,
Бонгҳо бар тори азрақ мезанад.

Каш-кашон ҳам мебарад то пои дор,
Вонамуда дорро маъвои Ёр.

Мекашад аз ҷисми мо ҳам пӯстро,
Дур месозад зи мо ҳам дӯстро.

Дӯстро ҳам гоҳ душман мекунад,
13 Гаҳ париро ҳам Ҳариман мекунад.

Ишқ моро мекунад бечорае,
Дардманде, хастае, дилпорае.

Мезанад оташ ба ҷисми зори мо,
Гарм месозад чунон бозори мо.

10 Байт аз “Маснавии маънави”-и Мавлавӣ.
11 Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ.
12 Ишора ба қиссаи сӯфии машҳур Мансури Ҳаллоҷ, ки бонги “Аналҳақ” зада буд.
Ҳариман – Аҳриман.

пешина
аз 151
навбатӣ