Ақли бунафш

Дард дод Ӯ, шоядо дармон диҳад,
Ё ки назъи ҷон ба ман осон диҳад.
Ҳамдиле ку, соқиё, то бишнавад,
Қиссаҳоямро, ғубор аз дил равад.
Қиссаҳои кӯҳнаро бо шарҳи нав,
Шарҳа-шарҳа гуфтаниям, ту шунав!
Соқиё, ҷоме дигар пур кун, ки ҷон,
Дар вуҷудам гаштааст инак забон.
Гунг будам, лол будам то кунун,
Мисли най омад нафире аз дарун.
Най агар аз мо найу мо з-ӯ найем,
Пас, чаро мо гӯшу ҳуш андар вайем?
6
“Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад”,
Аз сиришти мо ривоят мекунад.
Най нафири рӯҳи саргардони мост,
Най сафири ҷони бедармони мост.
Навҳаи най кимиёи рӯҳи мост,
Гиряи най гиряҳои рӯҳи мост.
Бо навои най ба худ гирад намо
Нақшаи ҷуғрофиёи рӯҳи мо.
Нолаи най мӯяи Омӯи мост,
Шевани най шикваи маҳрӯи мост.
Мисраъ аз Мавлавӣ.
Гиряаш дар мотами Суҳроби ял,
Навҳаи Таҳмина бошад дар масал.
Нолаи най ёдгориҳои мост,
Ёди суру сӯгвориҳои мост.
Гоҳ ёд аз Пири Тӯсӣ мекунад,
7 Қисса аз “Шоми арӯсӣ” мекунад.
Най қиёме зидди маҳдудии мост,
Най нафир аз олами худии мост.
Ёдгор аз Оли Сомон аст най,
Лаҳҷаи аҳли Хуросон аст най.
Ибтидои ҳикмати Синост най,
Шеваи ирфони Мавлоност най.
Соқиё, пур кун, бигардон ҷомро,
8
“Хок бар сар кун ғами айёмро!”
Бо навои най даме арғушт рав,
Пой кӯбу рақс бо ангушт рав...
IV
Соқиё, ҷоме дигар гардон, ки ман,
Гирд гардам гирди ин чархи куҳан.
Бодае деҳ, талхтар аз заҳри ноб,
То кунад қасри ғурурамро хароб.
7 “Шаби арӯсӣ” (Шоми арӯсӣ) – таъбире аз Мавлоно ба маънои “шаби марг” аст. Мавлавӣ лаҳзаи маргро “шаби арӯсӣ” ё “шаби висол” хондааст.
Мисраъ аз Ҳофизи Шерозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё