Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарки аз идрок берун аст ишқ,
Наҷми аз афлок берун аст ишқ.

Ишқ моро медиҳад шӯру қиём,
Медиҳад пайғомҳо аз нангу ном.

Мужда дода дар зимистон аз баҳор,
Ишқ моро мебарад то кӯйи Ёр.

Ишқ моро медиҳад рушду камол,
Ишқ моро медиҳад ҳусну ҷамол.

Ишқ мебахшад ба мо шаъну шукӯҳ,
Мешавад аз тешаи он паст кӯҳ.

Ошиқонро медиҳад парвозҳо,
Нозанинонро итобу нозҳо.

Ҷисмҳоро Ишқ мебахшад равон,
Гунгҳоро Ишқ мебахшад забон.

Ишқ мебахшад фурӯғе шомро,
Пухтагие мардумони хомро.

Ишқ мебахшад ҷаҳонро вусъате,
Гурбаеро чун паланге ҷуръате.

Бо ғарибон Ишқ ҳамдам мешавад,
Ташнагонро Ишқ Замзам мешавад.

Ишқ моро мекунад шайдои Нур,
Ғӯтавар андар дили дарёи Нур.

Ишқ дарёясту мо моҳӣ дар он,
5
Ишқ шаҳроҳест, мо роҳӣ дар он.

Роҳӣ – раванда, равандаи роҳ, солик.
Зишт чун дар чашми ошиқҳо накӯст,
Ишқ моро мекунад бо ғайр дӯст.
Аллоҳ! Аллоҳ! Ишқ пайғоми Худост,
Ишқ дар дилҳо, ки илҳоми Худост!
Ғайри ишқи Ӯ ҳама бозист, бас,
Филмбозӣ асту ғаммозист, бас!
Не шукӯҳу тахти шоҳӣ монданист,
Не маҳу дар об моҳӣ монданист.
Не бимонад ишқҳои хатту хол,
Не бимонад лаззати ҳусну ҷамол.
Бигзарад ҳам ҳаҷрҳои пургудоз,
Ишқҳои даргузар бо ҳирсу оз.
Соқиё, боқӣ бимон бо ишқи Ӯ,
Аз муҳаббатҳои фонӣ тоб рӯ.

III
Соқиё, ҷоми дигар пур кун, ки ман,
Хаста гаштам, хаста аз дарди куҳан.
Хастаам аз нақли нақли нақли нақл,
Пур бикун ҷоми маро бо ақли ақл!
Ман чӣ сон ҷӯям давои дарди хеш,
Чун бинолам аз ҷафои дарди хеш?
Дар дилам дардест, к-онро кай давост?
Аз Худо дард асту дармон аз Худост.

пешина
аз 151
навбатӣ