Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ақл бар мо медиҳад пояндагӣ,
Қуввате бар рушду афзояндагӣ.

Кошифи ин олами хок аст ақл,
Раҳнамое сӯйи афлок аст ақл.

Гар ба ин ақли худододӣ шавем,
Лаҳзаҳоро рошиду ҳодӣ шавем.

Лаҳзаҳо дар ихтиёри мо шаванд,
Дасти мову дастёри мо шаванд.

Пас, чаро аз лаҳзаҳо нолем боз,
Пас, чаро дунболаи қолем мо?

Лаҳзаҳо дар ихтиёри мост, дон,
Мо ба ҷисми лаҳзаҳо ҳастем ҷон.

Лаҳзаҳо дар мо асиранду ғулом,
Ибтидо ёбанд бо мо, ҳам тамом.

Ҷомро, соқӣ, ба ҳиммат пур кунем,
Лаҳзаҳоро бо муҳаббат пур кунем.

Лаҳзаҳо бе ишқ, яъне ки халост,
Лаҳзаҳо бе ишқ, яъне ки хатост.

Мо, ки бо ақли илоҳӣ кошифем,
Боз ҳам муштоқи ҳарфи ҳотифем...

Соқиё, бо ҳайрати худ зинда бош,
Бо дили пурҷуръати худ зинда бош!
II
Соқиё, шӯре ба ин ҳастӣ физой,
Бода деҳ, бар ҷони мо мастӣ физой.
Инак, аз Ҷоми Ҷамат рухсори ёр,
Ҷилва бинмояд... Чи бояд кард кор?!
Чист ин партав? Магар нури парист?
Ин таҷаллӣ аз гули рухсори кист?
Ё ки шуд шоми ғарибон шуълавар,
Аз пари африштагони раҳгузар?
Ё ки рӯйи равшани моҳи тамом
Ҷилва бинмуду муҷалло гашт ҷом?
Не, набояд гуфт дар мастӣ дурӯғ,
Аз фаришта н-ояд ин гуна фурӯғ.
Ҳам парӣ сард аст, кай дилро барад,
Пар занад, то пардаҳои мо дарад?
Партави маҳ нест ин, нури Ҳақ аст,
Як таҷаллӣ аз Ҷамоли мутлақ аст.
Ин таҷаллиест, аз ҳар чи барист,
Н-аз малоик, н-аз маҳу не аз парист.
Ин таҷаллиест, аз ҳар чи ғанист,
Исми аъзам мар-варо ҷуз Ишқ нест.
Ишқ дарёест поённопазир,
Пеши ӯ хурд аст ҳар навъи кабир.

пешина
аз 151
навбатӣ