Ақли бунафш

I
Соқиё, биншин, ки ман бо қалби реш,
Бо ту гӯям шарҳи ҳайратҳои хеш.
Мағз андар мағзи олам ҳайрат аст,
Дар ҳамин ҳайрат фанои сурат аст.
Ҳайрати мо кимиёи рӯҳи мост,
Ҳайрати мо ҳам балои рӯҳи мост.
Чунки ҳайрат ишқро зоянда аст,
Ишқ бо ҳайрат ҳама поянда аст.
Ишқро ҳайрат қиёме дигар аст,
Ҳайрати ишқ интизоме дигар аст.
Мо, ки мӯҳтоҷони раҳматҳостем,
Озими шаҳри муҳаббатҳостем.
Озими шаҳре, ки пур з-ойина аст,
Офтобӣ хонаи ҳар сина аст.
Озими шаҳри зи ишқ ойинабанд,
Мардумаш озодагони дилписанд.
Озими шаҳре, ки бас озода аст,
Офтобе зода бар мо додааст.
Офтобаш офтобе дигар аст,
Рӯшноияш зи тобе дигар аст.
Шаҳри пок аз бардагиву бандагӣ,
Шаҳри пур аз лаҳзаҳои зиндагӣ.
Зиндагӣ маҷмӯъае аз лаҳзаҳост,
Лаҳза худ бо мосту аз мо ҷудост.
Мерасад аз дур чун меҳмони мо,
Мизбонӣ мекунад дар ҷони мо.
Лаҳзаҳо ҷорӣ бувад аз пешу пас,
Вориду хориҷ бигардад бо нафас.
Лаҳзаҳо ҷорист дар шарёни мо,
Гаҳ чу дарду гоҳ чун дармони мо.
Гар чу моҳиянд лағзон лаҳзаҳо,
Гар чу симобанд ларзон лаҳзаҳо,
Гарчи шаффофанд ҳамчун шишаҳо,
Ноаёнанд арчи чун андешаҳо,
Чун ҳаво ҳарчанд пайдо нестанд,
Дар кафи моянду аз мо нестанд,
34
Гар зи Ҷобулқо ба Ҷобулсо даванд,
Гарчи вовайлои моро нашнаванд,
Сар кашанд аз амри мо ҳар субҳу шом,
То бигардад айши мо ҳар дам ҳаром,
Боз мо дунболи сайди лаҳзаем,
Ҳар нафас дар фикри қайди лаҳзаем.
Мо, ки инсонем, қудрат ақли мост,
Ҷавҳаре дар ҷони фитрат ақли мост.
3
Ҷобулқо – ҳадди ниҳоии Шарқ.
Ҷобулсо – ҳадди ниҳоии Ғарб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё