Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бубахшой бар мо гуноҳони мо,
Бидеҳ чораи дарду дармони мо!

Худоё, бидеҳ зӯр, ҳиммат кунам,
Ки то муддате шукри неъмат кунам.

Биёмурз, ё Раб, гуноҳони ман,
Бияфзой қувват ба иймони ман!

Бияфзой илму ҳидоят намо,
Ба ман маърифатро иноят намо!

Чунон хаста гардидам аз нақли нақл,
Кунун деҳ ба ман қудрати ақли ақл.

Маро раҳнамун кун ба Ақли бунафш,
Фурӯзанда чун ковиёнӣ дурафш.

Ба ақле, ки бошад раҳи Мавлавӣ,
Гаронмоя як пояи маънавӣ.

Ба ақле, ки бошад мақоме зи Ишқ,
Зи хумми муҳаббат яке ҷоми Ишқ.

Ба ақле, ки бошад ҳамон ақли ақл,
Ба ақле, ки орист аз нақли нақл.

Ба ақле, ки холист аз қилу қол,
Ба ақле, ки бошад фақат ҳоли ҳол.

Худоё, кунун ҳоли ҳолам бидеҳ,
Ба айнуляқинат камолам бидеҳ!

Бисозам, ки созиям аз ҷон ҷудо,
Худоё, масозам зи иймон ҷудо!

Тошканд, 4 августи соли 2020
СОҚИНОМА

Ҳамд бодо бар Ту, эй Поянда Ёр,
Ризқро бар банда афзоянда Ёр!

Ин Туӣ танҳо, чунин Пояндаӣ,
Айбро бар банда бахшояндаӣ.

Ҳусни дунёе ба ҳар исми Ту ҷост,
Ҳусн бе исми Ту донистан хатост.

Қодиру Субҳону Раҳмону Раҳим,
Холиқу Фаттоҳу Маннону Карим.

Ҳозиру Саттору Ғоиб ҳам Туӣ,
Одилу Ғаффору Ғолиб ҳам Туӣ.

Ҳар чӣ бе номи Ту ёбад ибтидо,
Зуд ёбад бемуҳобо интиҳо.

Нахл сар бо ном-т бар гардун кашад,
Гул зи қаъри хок сар берун кашад.

Мо ҳубобему Ту худ дарёстӣ,
Мо каломему Ту худ маъностӣ.

Қатраҳо бо амри Ту дарё шаванд,
Ҳарфҳо бо амри Ту маъно шаванд.

Гарчи огоҳӣ ба чӣ дорам ниёз,
Ҳарф деҳ, то бо ту гӯям шарҳи роз.

Бар каломи ман гули маъно бидеҳ,
Ҷаъфарам, бар ман дили дарё бидеҳ...

пешина
аз 151
навбатӣ