Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Расад рӯзе, ки аз ин чархи малъун,
Равон гардем бо қалбе пур аз хун.
Чӣ хуш, гар бигзарад ин умри кӯтоҳ
Саросар пур зи маъно, пур зи мазмун.


Кунад бо орзӯҳо зиндагонӣ,
Ба дунё одамӣ, гар ту бидонӣ.
Намирад ҳеҷ гаҳ шамъи умедаш,
Бипошад нур дар ҳар хонадоне.


Шавам қурбонат, эй марди накӯкор,
Худо бошад туро ҳар дам нигаҳдор.
Бихоҳам, ки чароғи некномӣ
Нагардад ҳеҷ гаҳ хомӯш, эй ёр!


Зи дасти ҳар касе н-ояд накӯӣ,
Агарчӣ бошад ӯ бас хубрӯе.
Накӯӣ кун, агар аз дастат ояд,
Намонад ҳеҷ гаҳ некӣ ба кӯе.


Илоҳо, ки расӣ бар орзӯят,
Саодат ҳам кушояд дар ба рӯят.
Бубинӣ ҳам камоли насли худро,
Бубинам ман ҳама рӯзи накӯят.


Замину осмони мост Модар,
Ягона меҳрубони мост Модар.
Адо созем бояд қарзи худро,
Ки зеро худ ҷаҳони мост Модар.


Бувад инсон дар ин олам мукаррам,
Ба ӯ шуд дода имкони муаззам,
Ки дар дунё ба кору хулқи некӯ
Бимонад нақши худро беш ё кам.


Чӣ зебо зиндагонӣ, зиндагонӣ,
Агар рози накӯномӣ бидонӣ.
Бизан оташ ба қасри ғуссаву ғам,
Ба қалбат нур пошад шодмонӣ.


Зи сар тоқӣ бигиру фикр мекун:
Ки аз тан ҷони мо кай ҳаст берун?
Валекин ҷисми мо рӯзе кунад тарк,
Биё, некӣ кунем, эй дӯст, афзун.


Наорад обрӯе худпарастӣ,
Тавонӣ, дур шав аз кибру мастӣ.
Бувад некӣ накӯкорӣ намудан,
Накӯкорӣ бикун то ҳаст ҳастӣ.


Бидор эмин Илоҳо, аз қазоҳо,
Нигаҳ медор, Илоҳо, аз ҷазоҳо.
Саломат дор иймонам, Худоё,
Нигаҳ медор, Илоҳо, аз балоҳо.


Гуноҳамро шумурдан кай тавонам,
Гувоҳӣ худ, Худои меҳрубонам.
Ба тавба мерасад умри ман оё,
Ба ёд орам, равад тобу тавонам.


Ба дарди ишқ гардад мубтало дил,
Ба покӣ роҳ ёбад бо сафо дил.
Бувад дар ҳукми қисмат умри одам,
Кашад беҳуда гаҳ ҷабру ҷафо дил.


Ҷаҳонеро мунаввар мекунад шамс,
Заминро нури Ховар мекунад шамс.
Кунад некӣ ба мардум марди некӯ,
Саҳарро бо сафо сар мекунад шамс.


Зи дастат гар равад ҳам молу давлат,
Ба дунё зиндагӣ кун бо муҳаббат.
Диҳанда Ӯву бистонанда ҳам Ӯст,
Зи ҷойи нест бидҳад ризқу неъмат.


Забони ноҷавонмардон дароз аст,
Мачаш нон ҳаргиз аз хонаш, чу боз аст.
Бигирад ҷонату миннат гузорад,
147
Кунад пур хок чашмашро, оз аст.


Махӯр ғам, медиҳад Ӯ ризқу рӯзӣ,
Амон бошӣ ба дунёи дурӯзӣ.
Ту кай шокир шавӣ бар додаҳояш?
Аз ин дунё равӣ рӯзе ба сӯзе.


Ба ҳар инсон диҳад фарзанд Яздон,
Ки бо фарзанд хушбахт аст инсон.

Оз – гурусна.
Агар сидқан бипурсӣ аз Худованд,
Диҳад фарзанд бешак ҳамчу дармон.


Равад аз даст ганҷат, кай тавонӣ,
Бигардондан варо дар зиндагонӣ.
Бувад беҳтар, бипардозӣ ба эҳсон,
Машав ғофил, ки дар ҳасрат бимонӣ.


Муҳаббат кай шиносад дину миллат?
Муҳаббат аз Худованд аст неъмат.
Ба қалби пок созад ошёне,
Чӣ ҳикматҳост пинҳон дар муҳаббат.


Муҳаббат халқу миллатро надонад,
Муҳаббат ҳеҷ миннатро надонад.
Набишносад, фақирӣ ё ки доро,
Муҳаббат молу давлатро надонад.


Вафо бошад ба ваъда кори мардон,
Набитвонад касе гардондан осон.
Бидодан ваъдаву баргаштан аз он,
Бувад номардҳоро пеша, эй ҷон!


Натонӣ некӣ кардан гар ба одам,
Ба дардаш шав ба ҳарфи нағз марҳам.
Ба қалбаш гар умедеро фурӯзӣ,
Нагардӣ ҳеҷ гоҳе заррае кам.


Гаронмоя гуҳар умр аст, умр аст,
Чу хуршеди саҳар умр аст, умр аст.

пешина
аз 151
навбатӣ