Ақли бунафш

Ба қадри умр мерас, то тавонӣ,
Ки бо ту ҳамсафар умр аст, умр аст.
Ба ҳар кӣ дил кушодам, шуд гурезон,
Касе дигар ба сӯйи ман шитобон.
Умеде гар накардам ҳаргиз аз ӯ,
Ба сони шамс бар ман шуд дурахшон.
Зи худ то кай гурезӣ, эй азизам,
Ба худ то кай ситезӣ, эй азизам?
Ба пеши марду номард обрӯят
Ту худ то кай бирезӣ, эй азизам?
Натонӣ иттикои ҳар кӣ будан,
Ба ҳар дарде давои ҳар кӣ будан.
Сипар кардан сари сина нашояд
Ба ҳар кас, ошнои ҳар кӣ будан.
Надонад қадрат ар мардум, чӣ чора?
Ба неши мор ё каждум чӣ чора?
Худо донад накӯиҳоят, эй дӯст,
Агар арзан диҳад гандум, чӣ чора?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё