Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Машав навмед аз лутфи Худованд,
Ки бе уммед ҳар дам дарбимонӣ.


Агар одат кунӣ дар зиндагонӣ
Ба некӣ, ҳеҷ гоҳе дарнамонӣ.
Зи ҳар айбу гуноҳе пок гардӣ,
Агар хайру саховатро бидонӣ.


Ба ризқе, ки бидодӣ, шукр гӯям,
Худоё, ҷуз ризои ту наҷӯям.
Надорад ҳиммати ту ҳеҷ поён.
Ба ғайр аз роҳи ту роҳе напӯям.


Набошад дар касе иймон, аё дӯст,
Бувад адр асл ӯ шайтон, аё дӯст.
Агар худро надорад аз гунаҳ дур,
Куҷо бошад дар ӯ виҷдон, аё дӯст?


Агар дил бар муҳаббат мубтало шуд,
Бидон, ки дил гирифтори бало шуд.
Ба сар омад зи қисмат, ҳар чӣ омад,
Агарчӣ он хато буду хато шуд.


Шавад ин ҷону дил қурбонат, эй ёр,
Ки қалбамро намудӣ дарк ҳар бор.
Бувад меҳру вафо ҳастият, эй дӯст,
Бароям ин ҷаҳон бе ту чӣ даркор?


Ало, мурғони дар парвози шӯҳрат,
Ки карда кибрро бар хеш зинат,
Нагашта хок, биншинед бар хок,
Ба шайтон ҳамраҳӣ орад надомат.


Кунад аз дарду ғамҳо дард ҷонам,
Расад ё бар фалак оҳу фиғонам,
Нахоҳам кард умеде, ки бипурсад
Зи аҳволи фигорам меҳрубонам.


Агар қаср аз тило созӣ ту бунёд,
Расад рӯзе, шавад он қаср барбод.
Ба мӯҳтоҷе агар ёрӣ намоӣ,
Ду дунёят бигардад бешак, обод.


Туӣ фарзанди ман, бахту сурурам,
Ту ҳастӣ муттако, бар чашм нурам.
Ту ҳастӣ давлати беинтиҳоям,
Ту ҳастӣ қуввати ақлу шуурам.


Ба дунё зиндагонӣ бе ту мушкил,
Муроди ман нагардад бе ту ҳосил.
Ту обӣ, бе ту ҳар дам метапам ман
Чу моҳӣ, ки фитода рӯйи соҳил.


Ба сони барг амонат бошад ин ҷон,
Макони мо бигардад хок поён.
Чаро мо қадри умри худ надонем?
Набошад ҷовидонӣ умри инсон.

пешина
аз 151
навбатӣ