Ақли бунафш

Бирав, биштоб доим бар накӯӣ,
Ки ин дунё нахоҳад монд яксон.
Ғами дунё надорад ҳеҷ поён,
Куҷо дорад вафо ин чархи гардон?
Агар рӯзе балое бар сар ояд,
Ба меҳру оқибат рӯ орад инсон.
Чӣ бад, гар аз даҳон бидҳӣ ғазоро,
Гузорӣ кори хубе ё ба фардо.
Ба кизб олуда созӣ хонаи дил,
Равӣ бо номи бад аз дори дунё.
Ба ноуммедӣ хӯ кардан набояд,
Тамасхур бар касе кардан нашояд.
Талошу ҷаҳд кун дар зиндагӣ, лек,
Макун коре, ки аз дастат наояд.
Наҷустан аз касе имдод беҳтар,
Накардан аз касе фарёд беҳтар.
Бувад беҳтар бипурсидан зи Яздон,
Гаройидан ба адлу дод беҳтар.
Расӣ бояд ба қадри навҷавонӣ,
Кунӣ обод боғи зиндагонӣ.
Ҳама виҷдони худро пок дорӣ,
Равӣ дунболаи некӯнишонӣ.
Даво пайдо шуд ар, дармон шавад дард,
Шунав, гӯяд агар айби ту ҳамдард.
Ба гардан гиру айбатро кун ислоҳ,
Машав ҳаргиз аз ин озурда, эй мард!
Намирад ҳеҷ гаҳ шамъу чароғат,
Хазон н-ояд ҳаме дар кӯчабоғат.
Занад туғён ҳамеша қалби покат,
Набинад ҳеҷ гаҳ ёрон-т доғат.
Худо хоҳад агар ризқи ту додан,
Нагардад кам ба додан ё ситодан.
Машав навмед дар дунёи фонӣ,
Ки расмаш хестан, гоҳе фитодан.
Ба некон ҷони худ доим фидо кун,
Ҳамеша неку бад аз ҳам ҷудо кун.
Агар хоҳӣ, ки некӯкор бошӣ,
Ба некон қалби худро ошно кун.
Бувад ин умр кӯтоҳ,эй бародар,
Аҷал ҳар лаҳза ояд аз паси дар.
Агар хоҳӣ халосӣ аз уқубат,
Зи ҳар ҳою ҳавои даҳр бигзар.
Ба уммеде намояд зиндагонӣ,
Дар ин дунёи дун инсон, бидонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё