Ақли бунафш

Соҳиб Камол
ДУБАЙТИҲО
Яке дер ар равад, дигар равад зуд,
Аз ин дунё, ки фонӣ асту маҳдуд.
Бувад инсони бад будан чӣ осон,
Чӣ мушкил нек будан, марди масъуд!
Касе дорад гиромӣ дӯстонро,
Фидо созад барои дӯст ҷонро,
Сазад, дар назди ӯ таъзим созӣ,
Бубахшӣ баҳри ӯ ҷону ҷаҳонро.
Бисозад ҷаннате бар хеш бунёд,
Касе гар қалби зоре созад обод.
Чӣ донад сангдил ҳоли дили зор?
Зи дасти сангдил фарёд, фарёд!
Бувад сангин зи кӯҳе бори миннат,
Кашидан инчуиин бор аст зиллат.
Нибигзорад, кушоӣ чашми худро,
Агар накшода бошӣ чашми фитрат.
Чӣ суд аз роҳату айши фаровон,
Зи дебоҳои зебо, қасру айвон?
Чӣ суд аз ганҷи дунё, эй бародар,
Агар дар дил набошад нури иймон?
Зи бекорон Худо безор бошад,
Касе бекор гардад, хор бошад.
Чу санги осиё мебош гардон,
Ки санги осиё пурбор бошад.
Сарат рӯзе расад ногоҳ бар санг,
В-агар ғам бар гиребонат занад чанг,
Сабуру ботаҳаммул бош, эй дӯст,
Расад бо сабр дарвеше ба авранг.
Касе, к-ӯ дар ғами мардум кашад ғам,
Нагардад дар ду дунё ҳеҷ гаҳ кам.
Касе, ки бишканад қалби касеро,
Шавад рӯзе шикаста дар ду олам.
Агар фарзанди худ марди худое,
Кунад бар ақлу дониш раҳнамоӣ,
Бигирад меваҳои шаҳду шаккар
Ба сони боғбони ҷонфидое.
Агарчӣ аз тило созанд тахтат,
Надорад арзиш, ар накшуд бахтат.
Наҷӯӣ гар мурод аз зиндагонӣ,
Бидон, н-оварда бореро дарахтат.
Ба ин дунёи ду-серӯза инсон,
Биёяд, бозгардад ҳамчу меҳмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё