Ақли бунафш

(Ӯзбекистон), доктори улуми филология Султонмурод Олим (Ӯзбекистон), номзади илмҳои филология Наргис Шоалиева (Ӯзбекистон), доктор Ваҳид Зиёӣ (Эрон), номзади илмҳои филология Дилшодаи Фарҳодзод (Ӯзбекистон), номзади илмҳои филология Ҷамшед Ҷумъақулов (Ӯзбекистон), номзади илмҳои филология Мағфират Ҳамроалиева (Ӯзбекистон), адибоне чун Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Истад Қосимзода, Турдии Ҳасрат, Равшани Эҳсон, Адаш Истад, Хусрав Ҳамидов, Нуралӣ Раҷаб, Рӯзибой Қурбониён, Файз Маҳмуд, Олим Панҷизода, Маҳмуд Абулфайз, Камолиддин Мингбоев, Солеҳи Муҳаммадҷон, Шокирҷон Олимов, Зоҳир Ҳасанзода, Абдуқайюми Ҳасанзод, Илёс Қувондиқов, А.Шарипов, Рӯзии Ғанизод, Баҳодур Бароти Бойсунӣ, Шукруллоҳ Сироҷ, муҳаққиқони ҷавон Туғрал Сафаров, Ҷонмирзо Мирзоев, Меҳмон Нарзиқулов, Шукруллоҳ Сироҷ ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуда ва рисолаву мақолаҳои таҳқиқиву адабӣ таълиф кардаанд. Рисолаи “Шеъри муъосири форсӣ-тоҷикӣ дар Ӯзбекистон: Дар мисоли Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ”-и шоир ва олими шинохтаи мисрӣ профессор Маҳмуд Салома Аловӣ (Миср, Донишгоҳи Қоҳира, 2006, ба забони арабӣ), рисолаи “Дар роҳи ишқи ғазал ва дар кӯйи ғазали ишқ.
Нигоҳе ба ғазалҳои Ҷаъфар Муҳаммад”-и Абдуллоҳи Тоҳириён ва Меҳмон Нарзиқулов (ба забони ӯзбекӣ, Тошканд, 2014) ва китоби “Адиб ва олими зуллисонайн.
Нигоҳе ба зиндагӣ ва фаъолияти адабӣ-илмии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ” (Тошканд, 2018, ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ) аз ҷумлаи ҳамин гуна таҳқиқоти арзишманд дар бораи фаъолиятҳои адабӣ-илмии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба шумор мераванд.
Албатта, он чӣ ки дар боло навишта шуд, хеле фишурда аст ва тамоми сарнавишти шоирона ва олимонаи устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизиро дар бар намегирад. Ҳоло бо ҳамин кифоят карда бори дигар таъкид мекунам, ки шахсан ман ба эшон иродати хос дорам ва аз мухлисони бешумори ҳам шеърашон, ҳам илмашон ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё