Ақли бунафш

Ҳамчунин, беш аз 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии Ҷаъфар Холмӯъминов дар заминаҳои адабиёти клосикӣ ва муъосири форсӣ-тоҷикӣ, равобити адабии форс-тоҷик ва ӯзбек, адабиёти ӯзбекӣ, таърихи фалсафаи ислом, таърихи тасаввуф, адабиёти ирфонӣ, фалсафаи тасаввуф ва ирфон, диншиносӣ, манбаъшиносӣ, маънавияти миллӣ, забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои ватаниву хориҷӣ ба чоп расидаанд. Вай ҳамчунин муаллифи беш аз 100 мақолаи публицистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мебошад.
Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ дар заминаи тарҷумаи осори бадеъӣ ва илмӣ аз забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва баръакс, низ саҳми арзанда гузоштааст. Вай то кунун намунаҳое аз ашъори шоирони маъруфи ӯзбек
– қаҳрамонон ва шоирони халқии Ӯзбекистон – Эркин Воҳидов ва Абдулло Орипов, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, шоирони маъруфи ӯзбек Асқар Маҳкам, Икром Отамурод, Зулфия Мӯъминова, Баҳром Рӯзимуҳаммад, Аҳтамқулӣ, Бобур Бобомурод ва Соҳиб Камолро ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Маҷмӯъаҳои шеъри Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов бо номҳои “Хонаат бо дӯст обод” (Тошканд, 2020) ва “Қасидаи Инсон” (Тошканд, 2020) бо тарҷумаи Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба чоп расидаанд.
Тарҷумаи намунаҳое аз ашъори бузургоне чун Рӯдакӣ, Саъдӣ, Мавлавӣ ва Ноиб Бухороӣ, тарҷумаи ашъори сапеду озоди маҷмӯъаҳои “Дастури забони ишқ”-и Қайсари Аминпур, “Аз ин ситора то он ситора”-и Салмони Ҳиротӣ, тарҷумаи намунаҳои шеъри 41 нафар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё