Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар боми киштӣ ба хараке нишастам. Исрофил дар ҳуҷрааш мехобад. Ҳарораташро санҷиданӣ шудам, намонд. Ташвиш накаш, ҳозир мегузарад, гуфт.
Бекорӣ ба дилам зад. Китобе нест, ки бихонам. Аз хона якду ҷилд китоб гирифта будам, дар аэропорти Маскав ба Искандар супурдам. Сардорони гурӯҳамон барои ҳадя кардан дар ин мамлакатҳо як тӯда қуръони нави чопи Тошканд ва албоми расми масҷиду мадрасаҳоро гирифтаанд. Ҳар як албом нуҳ кило вазн доштааст. Борамон ки аз ҳар гуна меъёр гузашт. Қориака фармуданд, ки чизҳои вазнини начандон заруриро дар Ватан бимонем ва ҷомадонҳоро сабуктар бикунем. Мо чунин кардем. Ман ғайр аз китобҳои худам ба андозаи ду килои иловагӣ грелка ва тағорачаи шприсҷӯшонӣ барин ашёҳои даркориамро аз ҷомадон бароварда ба Искандар додам.
Намедонам, аз чӣ сабаб пагоҳӣ боз як мисраъ шеър дар нӯки забонам чарх мезанад:
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт…

Ҳарчанд мекӯшам, мисраи дуюмаш ба ёдам намерасад.
Яқин шоир ба хатои падари падарон – ҳазрати Одам ишора мекунад, ки ба васвасаи шайтони падарқусур даромада, чизи дар биҳишт мамнӯъ, яъне гандумро тановул карда ва барои ин гуноҳи азим аз ҷаннат ронда шуд.
Ин мисраро беихтиёр зам-замкунон такрор мекардам, ки ба сурудхонӣ гузашта рафтанамро нафаҳмида мондаам. Сурудхонон манзараи шабонаи Нилро шаддаи чароғҳои соҳили онро ки ба шакли нимдоирае кашол шуда рафта, дар паси дарахтони Омдурман аз назарҳо ғоиб мегардид, тамошо мекардам. Ҳар замон аз мобайни дарё киштии чароғони мусофиркаш ё ягон катери баржанок мегузашт. Он гоҳ истиқоматгоҳи мо гаҳворасон ба ҷунбиш медаромад. Мавҷҳо ба девораи киштиҳои мо ва ба сангҳои соҳил бархӯрда, баланд-баланд шалаппос мезаданд ва қатраҳои оби ширгармро ба чаҳор сӯй пош медоданд.

пешина
аз 247
навбатӣ