Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳа, рост, камтар ҳаст.
Исрофил хандид ва гуфт, ки имрӯз табъаш хиратар аст. Ба ҳуҷрааш рафта каме истироҳат мекунад. Рафтанӣ буд, ки аз пеш кор баромад: ҳазрати Наримон пижамаи рах-рахи ласин дар тан дар байни одамон пайдо гардид. Исрофил ба пеши ӯ низ рафта дурудароз гап зад. Аммо аз дастҷунбонӣ ва ваҷоҳати ҳазрат маълум буд, ки ба дурустии рафтори худ исрор мекунад. Баҳс тӯл кашид. Диққати мардуми бегона ба онҳо ҷалб мешуд. Ба назди Исрофил рафтам. Дарвоқеъ, ҳазрат авлоди поки худро ҳамчун далели матин иснод оварда мегуфт, ки ӯ кӯдак нест ва намегузорад, ки ҳар халафу нохалаф ӯро одоб омӯзад. Лекин Исрофил, тарҷумон ва ман секаса шуда ҳазратро базӯр ба тағйири либос розӣ кунонидем.
Уф-ф. Бо ходимони дин қабл аз ин сафар аҳён-аҳён дучор мешудам. Ҳеҷ гоҳ ба муддати мадид ба ҷамъияти эшон наафтода будам ва намедонистам, ки ин мардум ин қадар одатҳои аҷибу ғариб доранд.
Худоё, кай ин сафар ба поён мерасад?
Чорае нест. Тоқат бояд кард, то ки имрӯз фардо бишавад ва фардо – пасфардо ва ҳоказо.
Тавфиқ омад ва бо тарҷумони гурӯҳи мо суҳбат оғоз кард.
Ин ҳар ду забони араб, урфу одатҳои халқи арабро хуб медонанд ва дар ин мавзӯъҳо суҳбаташон авҷ мегирад. Тавфиқ ба гӯшаҳои дури Республикаи Судон борҳо сафар карда, бисёр чизҳоро дидааст.
– Дар ҷануби Судон қабилаи фаллотҳо зиндагонӣ мекунад, – нақл мекунад Тавфиқ – Порсол дар мулки пешвои онҳо Султон Маерна Белла меҳмон будам. 80 ҳазор фаллоти сиёҳпӯсти мусулмон дар раияти султон аст. Киштзори беинтиҳо, чорвои бушумор дар ихтиёраш. Дар як гӯшаи қасраш зиндон ҳам созондааст. Худаш ҳам султон, ҳам ҳоким, ҳам қозӣ. Аз чаҳор зан 15 фарзанд дорад. Тобеонаш ҳанӯз аз дур ба зону афтода, дар ҳамин ҳолат масофаи калонро тай карда, ба ҳузури ӯ меоянд, баъди гирифтани фармоишоти султон ҳамчунон ба зону қафо гашта, баромада мераванд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё