Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Шарфаи пои касеро шунида ба пас нигоҳ кардам, ки мулло Ӯроқака меояд.
– Духтурҷон, шуморо кофта-кофта, расо ба як ҳол расидем-ку!
– Бубахшед, ки аз бомбароиям шуморо огоҳ накардаам.
– Ҳеҳ, – гумон кардед, ки ба бом баромада, халос мешавед? Не, укаи ширин, ба осмон бароед, аз поятон, ба замон дароед, аз гӯшатон мекашам. Ҳа-ҳа-ҳа, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, нохост хандаам гирифтааст.
– Хотирҷамъ бошед, муллоака. Барои осмонбароӣ мартабаам камӣ мекунад, барои ба замин даромадан – гуноҳам.
– Киноя мегӯед-дия, аз афташ. Майлатон, майлатон, аз духтурҳо бисёр одамҳои шӯх мебаромадаанд. Оббо, укаҷоне, хайр ҳар чӣ гӯед ҳам, аз ҳамон сигаретаҳои зархалтаи булғорӣ якта дуд кунем. Раҳмат, раҳмат, укаи ширин, ман боз се-чортаи дигар гираму шуморо нисфишабӣ озор надиҳам. А, лаббай? Ҳа, бале.
Мулло Ӯроқака ҷуссаи гарони аз фарбеҳӣ ноҳинҷор гаштаашро бо зӯр аз зинапояи танги киштӣ гузаронида, ҳашҳашкунон фаромада рафт.
Боз чӣ гуна ба сурудхонӣ машғул шуданамро нафаҳмида мондаам. Ногоҳ касе аз китфам дошта ҷунбонид.
– Ашӯла нахонед, духтур, – гуфт ӯ омирона. – Айб аст.
Дар остонаи шарифи ҳаҷ истодаем.
Ин Оллоҳназар буд, ҳамон қории ҷавоне ки дар меҳмонхонаи Маскав ҳамхонаам карда буданд.
Аз ин фармон, аз ин оҳанг, аз ин мудохилаи ногаҳонӣ, хулоса аз ин гуна як зуҳуроти одоби ба ман ношинос ҳангам канда, чӣ гуфтанамро надониста мондам. Оллоҳназар мисоли хурӯси дар ҷанг ғолибомада бо виқор қадам партофта, фаромада рафт.
… Нисфишабӣ мулло Зулфиқор маро аз хоб бедор карда, ба ҳуҷраашон бурд. Исрофил дар таб месӯхт. Азбаски бегоҳирӯзӣ маро диданӣ намонда буд, хеле қаҳрам омад, ва ба забони модариам ҳар қадар дашном медонистам, дар сари болинаш гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё