Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
моми умр кор карда, пулу мол ғундоранд ҳам, аз уҳдаи қалин додан баромада наметавонистанд ва умрашон безану фарзанд мегузашт. Ба наздикӣ ҳукумати республика қарор баровардааст, ки падару модарон аз рӯи шариат қалин бигиранд, майла-
1 шон, лекин арзиши он аз 30 фунт (ҷунайди)-и Судон набояд зиёд бошад.
Дар мамлакат анъанаҳои аҷоибе ҷорӣ мебошанд, ки ҳукми қонунро доранд ва ба соҳаи ахлоқу одоб дахл мекунанд. Масалан, дурӯғ гуфтан баробари дуздӣ ҷинояти сахт ба шумор меравад. Ё агар зан ё шавҳар ба паймони занушӯӣ хиёнат кунад, сарашро мебурранд. Агар илоҷи сабук гардонидани ҷазо бошад, ақаллан дасташро аз тан ҷудо мекунанд.
Аммо ҳамчун дар дигар давлатҳои мусулмонӣ ҳар марде ки молу пули бисёр дорад, бо риояи қоида ва қонунҳо худро побанд карда намешинад. Яке аз чорводорони давлатманд, ки зиёда аз сад ҳазор сар уштур дорад, ҳар сол чанд духтари ҷавонро ба занӣ мегирад. Занро мегираду муддате бо ӯ зиндагонӣ карда, баъд ба ихтиёри вай миқдоре уштурро бо хизматгорон месупорад. Зан уштуронро ба чарогоҳҳои дур бурда, чаронида пас аз як сол бармегардад ва ба қатори занҳои сӯфии бой дохил мешавад.
Ҳоло шумораи занҳои он бой ба 93 нафар расидааст.
Республикаи Судон бо мамлакати мо робитаҳои хуб дорад, ки ба минбаъд авҷ гирифта, ба нафъи тарафайн мустаҳкам шудани он чашм доштан мумкин аст. Бо кумаки мутахассисони мо дар Судон элеваторҳои бузург, заводҳои калони консерваи мева, сабзавот ва шир сохта хоҳанд шуд. Мутахассисони советӣ бо тадқиқи баҳри Сурх машғул мешаванд, то ки имконияти ба роҳ мондани сайди моҳӣ ва сохтани заводи консерви моҳӣ муайян карда шавад.
Сафир ба мо маҳсулоти ҳунармандони маҳаллиро нишон дод. Дар гирдогирди зале ки мо менишастем, ҷевонҳои оинакорӣ гузошта шуда буданд. Дар рафи ҷевонҳо зарфҳои мисин, корд, ханҷар ва шамшерҳои даму дастаҳошон кандакорӣ кар-
Як фунти Судон баробари 2 сӯму 59 тини мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё