Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ходимони сафоратхона дар бораи Республикаи Судон, халқи он, урфу одатҳои мардумаш ҳикоят мекарданд.
Судон аз ҷиҳати вусъати хокаш дувумин давлати калони Африқост. Бештар аз дувоздаҳ миллион аҳолӣ дорад. Мамлакати чандон тараққӣ нокардае буда, асосан бо хоҷагии қишлоқ машғул аст. Мардумонаш пахтаи маҳиннаҳ, арзан, гандум, ҷуворимакка, ҷав чормағзи заминӣ ва хурмо парвариш мекунанд.
Чорводорӣ хуб тараққӣ кардааст. Фақат аз уштур дуним миллион сар мавҷуд аст.
Судон дар экспорти шилми дарахт, ки дар соҳаи тиб кор мефармоянд, дар олам ҷои якумро ишғол мекунад.
Саноат ҳанӯз дуруст инкишоф наёфтааст. Вай аз корхонаҳои майдаи пахтатозакунӣ, хӯрокворӣ, чӯбу тахта, бофандагӣ, конҳои каммаҳсули тилло ва намак, стансияҳои олавии электр, устохонаҳои таъмири роҳи оҳан, автомобил ва авиатсионӣ иборат аст.
Дар ҳаёти сиёсии мамлакат ду ҷараён, ду гурӯҳи динӣ иштирок мекунад: ҷараёни ҳатмия ва ансарӣ. Роҳбарони ҳар кадоме аз ин ҷараёнҳо дар маърӯза ва маълумотҳои расмиашон таъкид мекунанд, ки нуҳ миллион мусулмонони мамлакат пайрави онҳост ва ҳол он ки мусулмонон ҳамагӣ нуҳ миллион нафа-
1 ранд. Тақрибан се миллиони боқимонда – аҳолии ҷануби Судон – қабилаҳои нилиҳо, шелутҳо ва ғайра қисман эътиқоди насронӣ доранд, қисман раъду барқ, карқадан ва дарё барин худоҳои ибтидоӣ-қадимии худро ситоиш мекунанд.
Маориф ба воситаи се хел мактаб ҷорӣ мегардад: мактабҳои соф динӣ, давлатӣ ва хусусӣ. Дар Хартум дорулфунун институти политехникӣ, омӯзишгоҳҳои ҳунармандӣ ҳаст. Ба забонҳои арабӣ ва англисӣ якчанд рӯзномаи калон нашр мешавад. Азбаски ҳамаи ин қадамҳои аввалини маданияти нави миллист, ҳоло
95 фоизи мардон ва 98 фоизи занҳо бесаводанд.
Солҳои сол аз рӯи шариат ба ивази арӯс қалин гирифтан боиси бадбахтии иловагии бисёр хонаводаҳо мешуд. Мардҳо та-
1 Ин иштибоҳ шояд қисман аз он сабаб ба вуқӯъ омада бошад, ки дар мамлакат ҳанӯз статистикаи саҳеҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё