Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҲУҶРАЕ ДАР РӮИ НИЛ

Дар аэропорти Хартум моро сафири СССР дар Республикаи Судон рафиқ Силин ва дигар ходимони сафоратхона пешвоз гирифтанд. Ин агар, таки гапро ковем, зуҳуроти эҳтироми расмии ҳукуматамон буд нисбат ба эътиқоди динии мардум.
– Мо ҳам одами чакана набудаем, – аз рӯи одаташ маро аз зери бағал гирифта роҳравон гуфт Исрофил. – Сафир ҷонишини Раиси ҳукумат ҳисоб меёбад. Ман ҳамин хел шунида будам.
– Баъди ҳаҷ мартабаат боз баландтар мешавад. Он гоҳ туро эҳтимол, худи раис пешвоз бигирад.
Исрофил як оҳ кашида монд.
Аэропорти Хартум назар ба фурудгоҳи Қоҳира хурдтар, камшукӯҳтар, аммо ҳамин гуна нав ва хушнамо буд. Ба пешайвон, саҳни вокзал ва болохонааш судониҳои бисёре баромада
1 моро тамошо мекарданд.
Ба яке аз залҳо даромада нишастем. Ходимони сафоратхонаамон паспортҳои хориҷӣ, авиабилет ва шаҳодатномаҳои тиббии моро бардошта рафтанд, то ки аз қайд ва дигар зинаҳои расмият гузаронанд.
Сафир ва Қориака аз пешгоҳ ҷой гирифтанд. Мо дар пеши онҳо давра нишастем. Бо ишораи сафир чой оварданд, яке аз хизматгорони буфет ба пиёлаҳо шакару чой мерехт, дигаре аз паси ӯ кӯзачае дар даст ҳозиронро давр зада, ба болои чой шир илова мекард.
– Одати ин ҷо ҳамин: ба меҳмон аввал чой меоранд, – шарҳ дод сафир.
Одати мо, тоҷикон, барин будааст, гуфтам дар дилам. Лекин ба чои ман беҳуда шир андохтанд. Сарам калу дилам нозук гуфтагӣ барин, ман ширро баҳудаву беҳуда нӯшида наметавонам.

1
Солҳои аз ин пеш гурӯҳи ҳоҷиёни советӣ аз роҳи Қоҳира ё Димишқ ба
Арабистони Суудӣ мерафтанд. Соли 1963 аввалин бор аз Судон гузашта рафтанд.

пешина
аз 247
навбатӣ