Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
дашуда, капчуқ ва портфелҳои аз пӯсти бабр, тимсоҳ, ё морҳои калони афъӣ дӯхташударо ба намоиш гузошта буданд.
– Ҳоло шуморо ба меҳмонхонаи калонтарини шаҳр – Гранд Ҳотел мебаранд, – гуфт сафир. – Дар пеши он ҳар бегоҳ бозори ин гуна чизҳо барпо мегардад.
Сипас суҳбат ба мавзӯи давоми сафари мо ба Арабистони Суудӣ гузашт. Самолётҳои мо аз Хартум пас гашта, ба Москав мераванд. Мувофиқи аҳдномаи байналхалқии байни Аэрофлоти мо ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷа моро акнун ба Арабистон бояд ё самолётҳои Судон бибаранд ё азони худи Арабистон. Дар арафаи иди Қурбон мо бояд дар Макка бошем, вагарна шарти ҳаҷ вайрон мешавад ва ҳамин қадар ташвиш барбод меравад. Рост, ки то арафа ҳоло панҷ рӯзи дигар ҳаст, лекин якду рӯз барвақттар рафта манзил гирифтан хуб мешуд, чунки Макка шаҳри муқаддаси мусулмонон буда, онро умма-алқуроъ, яъне модари шаҳрҳо номанд ҳам, шаҳри майдаяк аст ва дар он дар арафаи ид тақрибан як миллион мусофир ҷамъ мешудааст. Дар чунин шароит сарпаноҳе ёфтан аз корҳои сабук нахоҳад буд.
Аз худи Судон низ ба Ҳиҷоз мардуми бисёре меравад. Фақат дар аэропорти Хартум панҷ ҳазор кас ба навбат навишта шудааст. Аксарияти онҳо ҳанӯз як сол пеш ҷои худро дар самолёт банд карда мондаанд. Вале мо набояд ташвиш кашем, зеро сафоратхона ҳамаи кори аз дасташ меомадагиро хоҳад кард, то ки мо дар сари вақт ба зиёратгоҳ бирасем.
Ба мошинҳои сафоратхона савор шуда, ба сӯи Гранд Ҳотел роҳ гирифтем.
Рост, офтоб ба ин қитъа меҳри махсусе доштааст. Ҳатто бо сабзайнак ба осмони беабр ё заминҳои бегиёҳи атроф нигаред, чашмонатон сих мезананд. Аз тирезаҳои мошин гӯё ҳаври танӯр ба сару рӯй мезананд. Гоҳо чунин менамояд, ки бӯи дуд ба димоғ мерасад.
Ба ман аз «Победа»-и котиби сафоратхонаамон Тавфиқ ҷой расид. Ҷавони тахмин бисту ҳафт-бисту ҳаштсолаи хушқаду қомат ва хушандомест ӯ.
Мошинҳо дар ин ҷо аз тарафи чапи кӯча мегаштанд. Рулашон дар тарафи рост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё