Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ба риши сафеди худ боре назарат наафтод? Кайҳо наберадор шуданатро аз ёд бурдӣ? – ҳамчунон дӯғу дағдаға мекард арӯси исёнгар ва дод мегуфт: – Оҳ, фалак! Ба ин қабоҳату ин разолат то кай тоқат мекунӣ?!
Ҳазрат шитобон аз хона баромада, бо хотири парешон ба назди саҳобагони худ равон шуданд, ки ҷумла дар ин ҷо дар рӯи ана ин суфаи табаррукӣ менишастанд.
– Ҳазратам парешон менамоянд, – боодобона изҳори андеша кард яке аз саҳобагон. – Магар арӯс маъқул наафтод?
– Арӯс беҷо нест, – гуфтанд ҳазрат аз пешгоҳи суфа нишаста. – Моро бисёр хуш пазироӣ намуд ва изҳори муҳаббат кард. Аммо дӯстам Ҷабраил аз Арши Аъло ҳукми оллоҳи таолоро расониданд. Соҳибамон фармудааст, ки расули мо бо ин оҷиза, ҳарчанд ки аз хонаводаи поку наҷиб аст, набояд омезад. Амри худованд ҳатто барои мо, ки ҳабибаш ҳастем, воҷиб бувад.
– Ҳаққо, ки амри оллоҳ воҷиб аст!
– Оллоҳу акбар, оллоҳу акбар! – аз ҳар сӯ баланд шуд овозҳо.
– Киромиам Абӯбакр, – рӯй оварданд пайғамбар ба яке аз саҳобагони худ, ки баъд аз сари ҳазрат халифаи нахустин шуда буд. – Хоҳиши мо ин аст, ки шумо он духтарро ба хонаи падараш бирасонед.
Дарвозаи шаҳрро бастан мумкину даҳони мардуми кунҷковро не. Пас аз чанд рӯз асли воқеа дар Мадинаи мунаввара овоза шуд ва одамон он духтарро ба номи Арӯси ошӯбгар шуҳрат доданд, ки бо ҳамин унвон ӯ ба ривоятҳо даромада, овозааш то ба рӯзҳои мо расидааст.
Бале, ин гуна воқеаҳо дар умри мубораки пайғамбар хеле такрор шудаанд. Қиссаи завҷаи ҳазрат Биби Оишаро намегӯед? Духтари Абӯбакр, яъне духтари яке аз чор ёри босафои пайғамбар ва зани никоҳии расули худо шуда истода, ба Сафвон ном ғуломи ҳамсинии худ дил дода буд!

пешина
аз 247
навбатӣ