Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ишқварзии Бибӣ Оиша ва Сафвон аввалҳо аз чашми мардум пинҳон буд. Лекин баъди он ки ошиқу маъшуқ аз корвони уштурҳо дар биёбони самти ҷануби Мадина ҷудо шуда, як шабонарӯз дар кадом гӯшаи дашт гум шуда рафтанд ва сарбозони бисёре ба ковтукови онҳо баромаданд, ин қисса дигар ба даҳони мардум афтод.
Пайғамбарамон дар газаб шуда, пои худро аз хонаи Оиша канданд. Ҳама гумон карданд, ки акнун кор тамом, ҳабиби худо Оишаро бароварда пеш мекунанд, сари ҳазрати Абӯбакр ба замин хам мешавад. Аммо Бибӣ Оиша зани соҳибҷамол буд. Пас аз ним моҳи ин ҷанҷол як саҳарӣ одамон аз хонаи Бибӣ Оиша баромадани пайғамбарро диданд.
Ин хабар ҳам зуд дар шаҳр паҳн шуд. Ҳамон рӯз ҳабиби худо ҳангоми суҳбати пешинӣ нигоҳҳои саволомезу қадаре норозиёнаи муқаррабонашонро пай бурда гуфтанд:
– Дина сарвари малоикаҳо ба назди мо омада буданд. Оллоҳи таоло ба Ҷабраил фармудааст: Бибӣ Оиша гуноҳ надорад ва ба ароз карда гаштани ҳабиби мо дигар эҳтиёҷ нест.
Эзоҳоти пайғамбарро шунида, ҳама нидоҳои таҳсин ва тақвият баланд карданд:
– Ҳамди бешумор бар оллоҳи акбар!
– Сано ба соҳиби раҳмону раҳими мо!
– Ҳаққо ки хости худованд воҷиб аст!
Баъд пайғамбар ҳамин воқеаро бо шаҳру баёнаш, ба дувоздаҳ оят дароварда, ба қуръони маҷид дохил карданд, то ки ҳам даҳони бадгӯён баста шавад, ҳам ба наслҳои оянда сабақ гардад. Сабақ ба он маънӣ, ки шавҳарон минбаъд аз занҳо талаб кунанд, ки аз ҳамаи мардҳои номаҳрам рӯяшонро пӯшида доранд. Чодар, фаранҷӣ, парда, чапонча, чашмбанд ва ғайра аз фармоишоти ана ҳамон оятҳо ба дунё омада, ба расму оини занҳои мусулмон дохил шудаанд ва аввал хотири пайғамбар, пас хотири мардони дигарро аз қасди бади Сафвонҳо, аз ишқ ва муҳаббат барин чизҳо андаке ҷамъ сохтаанд…

пешина
аз 247
навбатӣ