Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Пайғамбарамон аҷаб як тинати мураккабе доштаанд-дия.
Ҳазрат кам не, зиёд ҳам не бисту ду нафар зану каниз доштанд, то охири умр аз хизмати зану канизакҳои сершумор розӣ буданд, бо вуҷуди ин дар қонун ва қоидаҳои кашф кардаашон назар ба ҷонвари одии хонагӣ қадре баландтар гузоштани мартаба ва қадру қимати занҳоро ҷоиз надонистаанд.
Худи ҳазрат ҳам аз модар таваллуд ёфтаанд, аммо дар қуръони шариф бо хати заррин навиштаанд, ки «зан аз ҷинси паст буда, дар назди илоҳӣ қурбу манзалате надорад».
Ё шояд мо, ворисони дури ҳикматҳои он ҳазрат хато мекунем? Шояд андозаи ранҷу озоре ки пайғамбар аз ҷинс ба эшон расидааст, камтар набуд? Дар воқеъ, агар қуръони маҷид ва ривоятҳои муқаддасро бодиққаттар мутолиа кунед, хоҳед дид, ки занҳо ва ҳатто арӯсони пайғамбар ба сари ҳазрат басо нороҳатӣ ва ташвишҳо овардаанд.
Боре ҳазрат дар либоси мурассаи домодӣ ба яке аз хонаҳои сершумори худ мерафтанд. Роҳравон риши худро бо панҷаҳо масрурона шона мезаданд. Риши ҳазрат он вақт аз мошубиринҷӣ гузашта, ба биринҷи сапсафеди ягон-ягон мош омехта монанд шуда буд. Ҳазрат қадамзанон фикр мекарданд, ки ҳозир арӯси навашон, ки духтари яке аз муқаррабон буд, чӣ гуна эшонро бо навозиши латифи дилбарона пешвоз хоҳад гирифт.
Ба хонаи арӯс ворид шуда диданд, ки дар ҳақиқат ҳам дар муқобилашон духтари нозанине ба по рост истодааст. Аммо аз таъзиму тавозӯъ дараке нест. Аз чашмони арӯс нури меҳру садоқат не, балки оташи кинаву адоват меборад. Чуноне ки ҳазрат мепиндоштанд, духтарак кабӯтари маъсума не, модашери ғурроне буд.
– Чаро омадӣ? Зуд баро, тез бирав, ки суммоти шуматро набинам! – ин буд аввалин калимоте ки ҳазрат аз забони арӯси ошӯбгари худ ба ҷои навозиш шуниданд. Ҳазрати солҳои охир ба нусратҳо одаткардаамон аз ин муомила шах шуда монданд.

пешина
аз 247
навбатӣ