Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар оҳанги муъҷизакори Муноҷот, ҳамчун дар
1 осори Иоҳанн Бах, он қадар ҷозиба ва маъниҳои амиқи шӯрангез ва риққатомез ҳаст, ки агар онро ҳатто шахси дудилашуда ҳам мешунид, тавбагӯён худро баргашта ба пояи минбари воиз меандохт.
Аз шахсе ки ривоятҳои диниро бе лабханди ҳаҷвомез гӯш карда наметавонад, савол кунед: оё дар масҷид ё калисоҳои калон будӣ ва агар буда бошӣ, чӣ гуна ҳиссиёте дар дилат пайдо шуд? Шахси ростқавл бошад, хоҳад гуфт, ки ба риққат омадам. Оре, санъати меъмории ҳайратангези бинои масҷиду калисоҳои калон, оҳанги пурасрори мусиқӣ, ё хониш, ё тиловат, низоми ботамкини маросими ибодат – ҳамаи ин санъат аст, нури хиради худи ҳамон инсони эъҷозкори заминист, ки бехабар аз қудрати беинтиҳои худ ба кадом як қуввати мавҳум саҷда мебарад…
Садои кашокашу фарёди зане пинаки ҳамаро парронд.
Ҳоҷиён аз муроқиба сар бардошта, ба пеш нигоҳ карданд, ки як тӯда одамон дар таки минбари нақшини воиз муноқишае барпо кардаанд. Ду зани чодирпӯш номаълум дохили масҷид шуда, то ба минбар расидаанд, ки дар тарафи ғарбии мақбара, тахмин даҳ қадам дуртар аз он сохта шудааст. Занҳо зоҳиран ният карда будаанд, ки пайғамбари худоро аз наздиктар парастиш ва сӯгворӣ кунанд, дар таки минбари муборак намози шом бихонанд. Аммо хизматгорони масҷид аз ин сӯиқасди азим дар вақташ огоҳ шуда, занҳои густохро тела дода-тела дода аз ҳарам пеш мекарданд. Занҳо муқобилат нишон медоданд, дар бораи савоб, раҳму шафқат ҳар чизи донистаашонро мегуфтанд, вале чаҳор марди тануманд бар ду зани муштипар ба осонӣ ғалаба карданд.

1 Иоҳанн Себастян Бах (1685-1750) – бастакор ва арғунуннавози машҳури немис, ки асарҳои ӯро дар калисоҳои насронӣ бисёр иҷро мекунанд.

пешина
аз 247
навбатӣ